Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – омили муҳими рушди давлат ва ҷомеа» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш аҳамияти таърихии ба даст омадани Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги халқи Тоҷикистон ва заминаи боэътимоди сулҳу субот, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати сулҳофарину ваҳдатгустари Пешвои миллат барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, татбиқи ислоҳоти созанда ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам омадааст.
Зимни ҳамоиш иштирокдорон инчунин қабули ташаббуси нави байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, истиқбол намуда, онро нишонаи эътирофи нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ карданд.
Иштирокчиён аз қабули ин қатънома изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин ташаббусҳо ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва пешбарандаи иқдомҳои байналмилалии созанда боз ҳам таҳким мебахшанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш иброз гардид, ки ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Таъкид гардид, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ҳамчун омили асосии суботи сиёсӣ ва пешрафти устувор кафили фардои ободу осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»











Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд






