«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн бо ташаббуси Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 29-солагии Ваҳдати миллӣ дар «Кохи Ваҳдат» конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори ваҳдати миллӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, маҳз ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба сулҳу субот, ваҳдат ва рушди устувор ноил гардид.
Изҳор гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қадам гузошта, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба пешрафтҳои назаррас мушарраф шудааст. Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи сулҳофарӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, барои рушду пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардум заминаи мусоид фароҳам омад.
Гуфта шуд, ки омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи нодири сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, аҳамияти бузурги сиёсӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дошта, барои таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз намуд, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими таъмини суботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа барои баланд бардоштани мақому манзалати занон, таҳкими пояҳои оиладорӣ ва иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки имрӯз занону духтарони тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас дошта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода тазаккур дод, ки имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангии кишвар дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Гуфта шуд, ки маҳз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, то дар пойтахт садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ бунёду азнавсозӣ гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон мунтазам беҳтар шавад.
Ҳамзамон, изҳор гардид, ки ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат буда, тарғиби арзишҳои ваҳдатофарин миёни ҷавонон аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам такъид кард, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ ва заминаи асосии рушду шукуфоии давлату миллат маҳсуб ёфта, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат, тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа саҳми назаррас дорад.
Таъкид гардид, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба арзишҳои ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву масъулиятшиносӣ аҳамияти хосса касб менамояд.
Директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат» Ёқуб Исмоилзода изҳор намуд, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик маҳз бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, барои таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар заминаи устувор фароҳам овард.
Ҳамзамон дар идомаи конфронс як зумра аз устодону олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва собиқадорони соҳа маъруза намуда, доир ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша карданд.
Дар фарҷоми конфронс Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Ваҳдати миллӣ», ки бо ибтикори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст карда шуд.
Зимни чорабинӣ ғолибони озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияҳои гуногун муайян гардида, барои саҳми арзандаашон дар тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бозтоби хизматҳои таърихии Пешвои миллат бо диплом, сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»
















































Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Бахшида ба 130-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯра конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Кӯшониён доир мегардад
Густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






