Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид

Июнь 11, 2026 11:38

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар шаҳри Вашингтон Форуми глобалии энергетикӣ баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода иқтидори васеъ ва дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро ҳадафи стратегии рушди ҷумҳурӣ муайян намудаанд. Барои ноил шудан ба он дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузург ва миёнаи инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», хати баландшиддати интиқоли неруи барқ «КАСА-1000» ва дигарҳо сохта шуда, корҳо дар баъзеи онҳо идома доранд.

Дар Форум намояндагони як қатор ташкилоту ширкатҳои соҳаи энергетика ва коршиносони марказҳои тадқиқотии Амрико иштирок намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Июнь 11, 2026 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд