Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сариддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мешавад.
Дар ин рӯзҳо кормандони ноҳияҳо бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд. Ҳунармандон ва аҳли фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ фазои идона ва хотирмонро фароҳам меоранд.
Аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват менамоем, ки дар ин маҳфили бошукӯҳи фарҳангӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои ноҳияҳо дар даврони истиқлол шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 6 июн то 23 августи соли равон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






