Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар доираи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат», ки 4 июн дар деҳаи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод оғоз гардид, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал мулоқот намуд. Зимни суҳбат мусоҳибон масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркиро дар вилояти Хатлон баррасӣ намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин пешниҳодҳои нави ҳамкорӣ барои солҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иброҳим Этҳем Унал аз раванди амалисозии лоиҳаҳои ТИКА дар Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуд, ки агентӣ минбаъд низ омода аст ҳамкориро бо вилояти Хатлон густариш диҳад.
Гуфта шуд, ки ТИКА татбиқи як қатор лоиҳаҳоро дар соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва рушди деҳот идома дода, барои амалӣ намудани ташаббусҳои нав низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид.
Иброз шуд, ки дар вилоят имконият ва ашёи хоми зарурӣ барои ташкили чунин истеҳсолот мавҷуд буда, ба роҳ мондани фаъолияти корхона метавонад ба афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ мусоидат намояд.
Раиси вилояти Хатлон аз ин ташаббус ҷонибдорӣ намуда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои амалисозии чунин лоиҳаҳои истеҳсолӣ омодаи ҳамкорӣ ва дастгирӣ мебошад.
Ҳамчунин дар мулоқот бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон мавриди муҳокима қарор гирифт. Баён гардид, ки шароити иқлимии минтақаҳои алоҳидаи вилоят барои парвариши ин навъи зироат мусоид буда, ҷонибҳо имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар ин самт баррасӣ намуданд.
Ҳамсуҳбатон омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак ба манфиати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон изҳор доштанд.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст






