Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад

Июнь 27, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 28 июн дар «Боғи Ирам» яке аз ҷашнҳои қадимаи тоҷикон, ҷашни тобистон — Тиргон таҷлил мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мешаванд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намоянд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, чун анаъанаи солҳои пешин дар даромадгоҳи «Боғи Ирам» дастранҷи кишоварзон бо пешниҳоди навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда — афшура, шарбат, обмева, инчунин олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз қабили тарбузу харбуз, хушкмеваҳои гунонун ва дигар маҳсули истеҳсолнамудаи кишоварзон ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.

Дар намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон мегардад.

Бояд гуфт, ки Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад. Агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар қатори ҷашнҳои бостонии ниёгон ба Ҷашни Тиргон низ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Дар назди пажуҳандагон масъала гузошта шуд, ки ҷашнҳои ниёгонро бо нигоҳи тоза мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Тавре Пешвои миллат иброз доштанд: «ҷашни Тиргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз шебу фарози садсолаҳо ва ҳодисоти мураккаби рӯзгор гузашта, то ба рӯзгори мо расидааст. Яъне Тиргон пайвандгари наслҳои имрӯза бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагон аст. Таҷлили он аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳувияти миллии тоҷикон мебошад».

«Ниёгони мо бо баргузории ин ҷашн ҳам шукронаи неъматҳои табиатро ба ҷой меоваранд ва ҳам дар байни ҷомеа тоза нигоҳ доштану истифодаи оқилонаи обро ҳамчун неъмати ҳаётбахш тарғиб менамуданд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Ҳадафи баргузории ҷашни Тиргон инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 27, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»
Тоҷикистон ва Ҷопон бунёди пули нав аз болои дарёи Кофарниҳонро баррасӣ намуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад