Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 10.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба НБО-и «Роғун».
Аз натиҷаи маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» гузориши муфассали АМИТ «Ховар» пешниҳод мегардад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 изҳор намуданд: «моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуда, истиқлолияти энергетии мамлакат пурра таъмин мегардад».
НБО-и «Роғун», ки ба унвони яке аз бузургтарин иншооти аср шинохта шудааст, дар маҷрои дарёи Вахш бунёд мегардад. Он аз 6 агрегат, ки ҳар кадоми онҳо қобилияти тавлиди 600 мегаватт неруи барқро доранд, иборат мебошад. Баъди анҷоми пурраи сохтмон баландии сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба 335 метр мерасад, ки иқтидори умумии он 3600 мегаваттро ташкил хоҳад дод. Бо чунин нишондиҳандаҳо он ба калонтарин неругоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мубаддал мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






