РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббауси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Робиаи Балхӣ аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти классикии тоҷику форс буда, бо истеъдоди нодир, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати баланди суханварӣ дар таърихи фарҳангу адабиёти миллӣ мақоми хосса касб намудааст.
Дар конференсия мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдулозода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сухан намуданд.
Гуфта шуд, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳаёт ва эҷодиёти Робиаи Балхӣ барои шинохти амиқтари таърихи адабиёт ва фарҳанги миллӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар конфронс таъкид шуд, ки Робиаи Балхӣ нахустин шоири тоҷикзабони ҳамдавр бо аҳди Сомониён ва Абуабдуллои Рӯдакӣ мебошад. Робиа беш аз ҳазор сол пеш дар шаҳри Балх, дар оилаи бонуфуз ба дунё омада будааст. Балх он замон маркази бузурги илму фарҳанг ва мактабу андешаҳои гуногун буда, Робиа дар он муҳит бо забонҳои тоҷикию арабӣ шеър сурудааст.
Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи мамлакат маъруза намуда, таъкид доштанд, ки Робиаи Балхӣ аз нахустин ситораҳои тобноки осмони адабиёти тоҷику форс ба шумор рафта, эҷодиёти ӯ дар ташаккули адабиёти классикӣ ва рушди анъанаҳои суханварии форсизабонон нақши муҳим бозидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад».
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






