Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар ҳайати роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Олмон бо даъвати Президенти Федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар сафари шиносоӣ ба музофоти федеролии Саарланд иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, зимни боздид меҳмонон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланд шинос шуданд. Инчунин барои онҳо фаъолияти корхонаҳои пешрафтаи саноатӣ, бахши истеҳсолоти технологияҳои барқӣ, истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ ва иқтидорҳои муассисаҳои таҳқиқотии минтақа муаррифӣ гардид.
Дар ҳошияи сафар мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Президенти Федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ва Сарвазири музофоти федеролии Саарланд Анке Релингер баргузор шуд, ки дар он ҷонибҳо оид ба дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, хусусан дар бахшҳои иқтисодӣ ва саноатӣ табодули афкор намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва идомаи муколамаи созанда таъкид гардид.
АКС: Ҳукумати федеролии Олмон








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






