Сардори Хадамоти алоқа дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ-2026) ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Ояндаи рақамӣ: самтҳои муштараки рушд, чолишҳо ва роҳҳои ҳал» баргузор гардид, ки дар кори он Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқа хабар доданд.
Дар ҷаласа инчунин роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Беларус, Туркманистон, Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Сардори Хадамоти алоқа ба масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ, тавсеаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, татбиқи технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Таъкид гардид, ки дар шароити рақамикунонии босуръати иқтисод ва ҷомеа, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, таъмини дастрасӣ ба интернети босифат ва ташаккули инфрасохтори муосири алоқа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба соҳибихтиёрии технологӣ, ташкили инфрасохтори ягонаи рақамӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати танзими муҳити рақамӣ ва густариши ҳамкории байнидавлатиро баррасӣ карданд.
Тазаккур дода шуд, ки таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва мубодилаи таҷриба барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди кишварҳои минтақа ва ташаккули фазои ягонаи рақамӣ аҳаммияти муҳим дорад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






