Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти алоқаи кишварҳои ИДМ иштирок намуд

Июнь 6, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 06.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи муштараки 65-уми Шурои Иттиҳоди минтақавии ҳамкории алоқа (РСС) ва 32-юми Шурои ҳамоҳангсозии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ  хабар медиҳад, дар ҷаласа роҳбарони мақомоти давлатии соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавии ҳамкории алоқа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Исфандиёри Саъдулло масъалаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахши телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамиро баррасӣ намуда, ба аҳамияти густариши ҳамгироии рақамӣ байни мамлакатҳои минтақа таъкид намуд.

Яке аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласа масъалаи роуминги байнидавлатӣ дар кишварҳои Иттиҳоди минтақавии ҳамкории алоқа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд. Иштирокчиён роҳҳои коҳиш додани хароҷоти хизматрасониҳои мобилӣ ҳангоми сафарҳои шаҳрвандон, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои алоқа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи шабакаҳои мобилӣ дар қаламрави мамлакатҳои ҳамкорро муҳокима карданд.

Ҳамчунин дар нишаст масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) дар соли 2026, рушди системаҳои алоқа дар мадорҳои ғайригеостатсионарӣ, таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёр, татбиқи зеҳни сунъӣ ва таъсиси шурои минтақавии коршиносон оид ба зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорон як қатор санадҳо ва ташаббусҳои муҳимро барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти минтақа ҷонибдорӣ намуданд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 6, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад