Таҳти унвони «Забон — рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 8, 2026 16:36

ДУШАНБЕ, 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон-рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳот хабар доданд.

Раиси кумита Сахидод Раҳматуллозода ҷойгоҳ ва аҳамияти забони тоҷикиро дар низоми давлатдории миллӣ ва раванди рушди иҷтимоию сиёсӣ иброз намуда, сиёсати забонӣ ва тадбирҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таҳкими забони давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифз, рушд ва таҳкими забони давлатӣ ҳамчун яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ва ҳастии миллӣ мавқеи махсус касб намудааст. Забони давлатӣ на танҳо воситаи муошират, балки омили асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва худшиносии миллат ба ҳисоб меравад.

Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Файзиддин Баротзода афзуд, ки забони модарии мо, ки дорои таҷрибаи таърихӣ ва захираи ғании луғавӣ мебошад, давоми ҳазоронсолаҳо шакл гирифта, имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа имкони фарогирӣ ва истифода дорад. Бо фароҳам омадани Истиқлоли давлатӣ барои рушди забон дар ҳама арсаҳо шароити ҳуқуқӣ ва сиёсӣ муҳайё гардид ва дар ин замина Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими забони давлатӣ пайваста чораҳои мушаххас ва амалии судмандро ба роҳ мемонад.

Дар ҳамоиш директори Маркази миллии тарҷума Ҳамрохон Дӯстзода иброз намуд, ки бо мақсади рушди забон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар мамлакат барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030», ки 29 ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» равона карда шудааст.

Гуфта шуд, ки риояи меъёрҳои нави имло дар ҳуҷҷатгузории расмӣ, мукотибаи давлатӣ, маводи илмӣ ва воситаҳои ахбори омма на танҳо ба таҳкими низоми забони адабӣ мусоидат менамояд, балки барои ҳифзи воҳидии услуби забон ва пешгирии ихтилофоти имлоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Татбиқи ин қоидаҳо дар раванди таҳия ва истифодаи истилоҳот, навиштани номҳо, калимаҳои мураккаб ва унсурҳои сарфию наҳвии забон нақши муҳим дошта, сатҳи саводнокии умумии ҷомеаро боло мебарад.

Ҳамзамон оид ба аҳамияти забони давлатӣ, риояи қонунгузорӣ дар самти забон, меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ ва фарҳанги ҳуҷҷатнигорӣ ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун унсури муҳими худшиносии миллӣ оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллати тоҷик маҳсуб мешавад.

АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 8, 2026 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд