Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид

Июнь 23, 2026 08:21

ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи сатҳи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC) иштирок намуда, доир ба аҳамияти сиёсати савдо, низомҳои транзитӣ, рушди инфрасохтор, пайвастагии минтақавӣ, инчунин татбиқи Барномаи амали Аваза сухан намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар рафти ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026 ба муҳлати як сол ҳамоҳангсози ин гурӯҳ интихоб гардид. Ба ҳайати ин гурӯҳ 32 давлат шомил мебошанд.

Ин иқдом ба муаррифӣ ва баланд бардоштани обру ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, пешбурди манфиатҳои миллӣ, рушди иқтидорҳои нақлиётию транзитӣ ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ мусоидат менамояд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Июнь 23, 2026 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд