Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид

Июль 3, 2026 09:14

ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳнома — паёми сулҳ, ваҳдат ва инсонгароӣ барои наслҳои оянда»- таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба осорхона.

Ин чорабинии фарҳангӣ бахшида ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ва бо мақсади тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат, эҳёи мероси гаронбаҳои фарҳангиву адабӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги суханварии кормандони Осорхонаи миллӣ гузаронида шуд.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба аҳамияти ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ва нақши мероси адабии ниёгон дар таҳкими фарҳанги сулҳ ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо намунаи олии адабиёти классикии тоҷику форс, балки сарчашмаи муҳими тарбияи маънавӣ, ватандӯстӣ, адолатпарварӣ, сулҳхоҳӣ ва ваҳдати ҷомеа ба шумор меравад. Арзишҳои волои инсонӣ, ки дар ин асари бузург таҷассум ёфтаанд, имрӯз низ дар таҳкими фарҳанги сулҳ ва тарбияи насли оянда аҳамияти хосса доранд.

Иштирокдорон порчаҳо аз достонҳои «Шоҳнома»-ро қироат намуда, муҳтавои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва инсонгароёнаи онҳоро шарҳу тавзеҳ доданд.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин маҳфилҳои фарҳангиву маърифатӣ дар партави ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани сатҳи маърифат, рушди фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши осори гаронбаҳои адабиёти миллӣ мусоидат менамояд.

«Омӯзиш ва тарғиби осори ҷовидонаи «Шоҳнома» метавонад дар таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва сулҳпарварӣ байни наслҳои имрӯз ва фардо саҳми арзанда гузорад»,-таъкид шуд дар маҳфил.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Июль 3, 2026 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид