Дар ёдгории таърихии замони Кушониён- Сайёд корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз ёфтанд

Июль 14, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ – Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносиро дар ҳудуди ёдгории таърихии Сайёд оғоз намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи хабари манбаъ, ёдгории Сайёд марбут ба замони Кушониён буда, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон воқеъ аст.

Таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир, ки то ҳол мавриди омӯзиши густурда қарор нагирифтааст, дар оянда имконият медиҳад, ки саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷик кушода ва дастраси мардуму аҳли илм гарданд.

Бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ мутахассисони Осорхонаи миллӣ ин ёдгориро соли 2016 мавриди омӯзиш қарор дода, аз он осори гуногуни таърихӣ пайдо намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 14, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад