Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 октябр бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Ҳадафи баргузории ҷашнвора муаррифии фарҳанг ва санъати миллии тоҷик, тарғиби дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти сулҳпарвару фарҳангии мамлакат ва маркази муҳими муколамаи тамаддунҳо дар доираи ташаббуси «Душанбе–шаҳри сулҳ ва тамаддуни ориё» дар соли 2026 мебошад.
Ҷашнвора ба таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангию маънавии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, муаррифии имконоти сайёҳии мамлакат ва фарҳанги ғании тоҷикон тавассути санъати кино мусоидат менамояд.
Тибқи иттилои манбаъ, қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар ин ҷашнвора 15 июн оғоз шудааст, ки то 15 сентябр давом мекунад.
Синамоҷашнвораи миллӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор шуда, ба рушди синамои миллӣ, дастгирии синамогарони ҷавон, таблиғи беҳтарин дастовардҳои синамои тоҷик, таҳкими ҳамкории эҷодӣ ва ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавии мардум мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






