«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Озмуни XХIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар он китоби «Шоҳнома» — и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 чоп ва ба ҳар хонадони тоҷик ҳадя гардид.
Ҳамчунин дар номинатсияи «Санъати ороиш»-и ин озмун китоби «Олами гулдӯзии тоҷик» мақоми аввалро касб кард.
Ҳамчунин дар номинатсияҳои «Муколамаи фарҳангҳо» китоби Раҳмоналӣ Мирализода «Дар ҳавои Мавлоно», дар «Илм ва маориф» китоби «Физикаи олам, фалсафаи ҳастӣ»-и Фарҳод Раҳимӣ ва дар «Китоби кӯдакон ва наврасон» маҷмуаи китобҳои бачагонаи «Сандуқи афсонаҳо» соҳиби ҷойи дуюм гардиданд. Китобҳои Давлат Сафар «Достони Душанбе» дар номинатсияи «Кишвари ман», «Мулки меҳру мулки шеъру мулки сеҳр» — и Низом Қосим дар номинатсияи «Иттиҳод» ва «Намунаи адабиёти тоҷик» — и устод Садриддин Айнӣ дар номинатсияи «Дар иттиҳод чоп шудааст» сазовори ҷои сеюм шуданд. Инчунин китоби «Раҳбари дилҳо»-и Суруши Ойина бо дипломи махсуси озмун қадрдонӣ карда шуд.
Дар Озмуни XХIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 6 давлат беш аз 70 китоб ворид гардид, ки беҳтарин намунаҳои китобҳои дар солҳои 2025-2026 чопшуда мебошанд.
«Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» яке аз минбарҳои муҳим барои муаррифӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти ноширони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 аз ҷониби Шурои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдои китоб, китобпаҳнкунӣ ва умури ноширӣ доир карда мешавад.
Маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи сентябри соли 2026 дар арафаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки соли 2024 шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино «Қонуни тиб» дар Озмуни XXI байналмилалии «Санъати китоб» барандаи Шоҳҷоиза гардида буд. Ин китоб бо тарҳи зебо бо забони модарии муаллифи он — забони нобу шевои тоҷикӣ тавассути Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик шодравон Сайиднуруддин Шиҳобуддинов дар камоли зебоӣ аз арабӣ ба тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом дода шудааст.
Соли 2018 Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он ду ҷилди аввали «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» дар радифи китобҳои Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид






