17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интиқоли 70 фоизи борҳо ва 60,4 фоизи мусофирон дар шаш моҳи якуми соли 2026 дар Тоҷикистон ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд, ки ин омор аз саҳми муҳими нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор шаҳодат медиҳад.
Таъсиси «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
Имрӯз, 17 август аз таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 32 сол сипарӣ гардид. 17 августи соли 1994 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Ин аст, ки ҳамасола 17 август дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони роҳи оҳан таҷлил мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба дастоварду комёбиҳои меҳнатӣ ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон нақши муҳим гузошт.
Интиқоли қариб 4 миллион тонна бор тавассути роҳи оҳан
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад, ки дар шаш моҳи соли равон тавассути роҳи оҳан 3 миллиону 988,8 ҳазор тонна бор ва 213,1 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 боркашонӣ 108,7 фоиз ва мусофирбарӣ 100,0 фоизро ташкил дод. Таҳлили боркашонӣ бозгӯи он аст, ки 95,6 фоиз ба интиқоли воридотӣ, 4,2 фоиз ба интиқоли содиротӣ ва 0,3 фоиз ба боркашонии маҳаллӣ рост меояд.
Ҳамчунин дар ин давра содирот 158,0 ҳазор тонна, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ 1089 тонна, воридот 3809,2 ҳазор тонна ва боркашонии маҳаллӣ 10,8 ҳозор тоннаро ташкил намуд.
Ҳаҷми бештари боркашонӣ дар қитъаи роҳи оҳани Суғд
Воридот нисбат ба содирот 3651,2 ҳазор тонна ё 23,1 маротиба зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии боркашонӣ ба қитъаи роҳи оҳани Суғд 51,5 фоиз (2055,1 ҳазор тонна), ба қитъаи Душанбе 45,9 фоиз (1833,7 ҳазор тонна) ва 2,5 фоиз ба қитъаи Хатлон (99,9 ҳазор тонна) рост меояд, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2025 қитъаи Суғд 114,5 фоиз, қитъаи Душанбе 117,8 фоиз ва қитъаи Хатлон 33,6 фоизро ташкил медиҳад.
Пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорони ватанӣ
Барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 30 то 80 фоиз сабукиҳо пешниҳод намуда, дар заминаи ҳамкории судманд бо роҳҳи оҳани кишварҳо сабукиҳои назаррас барои боркашонӣ дастрас намудааст. Дар қатораи мусофирбари Душанбе — Кӯлоб 60 фоиз ва дар мувофиқа бо роҳҳои оҳани давлатҳои Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ба мусофироне, ки пешакӣ чипта мехаранд, то 45 фоиз сабукиҳо пешбинӣ шудаанд (аз 31 то 45 рӯз- 45 фоиз ва аз 2 то 30 рӯз – 30 фоиз).
Барқарории хатсайри қатораи мусофирбари Душанбе-Москва
Баъди шаш соли таваққуф, 21 июни соли 2026 ҳаракати қатораи мусофирбар дар хатсайри байналмилалии Душанбе – Москва дубора барқарор гардид. Он дар рушди низоми нақлиёти роҳи оҳани ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ шуда, барои садҳо мусофир имкони сафарро бо роҳи мувофиқ, бехатар ва дастрас фароҳам овард. Қатора баъди чор шабонарӯз ба шаҳри Москва расида, дар ин муддат аз ҳудуди Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Русия гузашта, ҳазорон километр роҳро тай менамояд. Барои мусофироне, ки чиптаро пешакӣ харидорӣ мекунанд, тахфифҳои махсус, масалан, агар чиптаи вагони пласкарт аз 45 то 41 рӯз пеш аз сафар харидорӣ шавад, арзиши он аз 3390 сомонӣ то 1685 сомонӣ коҳиш меёбад. Инчунин барои вагони купе дар ҳамин муҳлат нархи чипта аз 4629 сомонӣ то 2618 сомонӣ пешниҳод мегардад. Қатораи Душанбе – Москва бо вагонҳои мусофирбаре фаъолият мекунад, ки барои сафарҳои тӯлонӣ мутобиқ буда, дорои ҷойи хоб, низоми ҳавотозакунӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.
Сохтмони нахустин роҳи оҳан дар Тоҷикистон
Аввалин роҳи оҳан дар ҳудуди Тоҷикистон соли 1897 сохта шуда буд, ки Хуҷандро бо шабакаи роҳи оҳани империяи Русия пайваст намуд. Санаи таъсиси роҳи оҳани Тоҷикистон соли 1929 мебошад, зеро дар ин сол сохтмони хати роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе ба анҷом расид. Худи ҳамон сол ба стансияи Душанбе аввалин поезди коргарӣ ва баъдан аввалин поезди мусофирбар омад. Соли 1938 сохтмони шохаи дигар: Конибодом-Шуроб анҷом ёфт.
Рушди роҳи оҳани Тоҷикистон дар солҳои истиқлол
Роҳи оҳани Тоҷикистон гарчанде таърихи тӯлонӣ дорад, вале дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллии Тоҷикистон рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардид. Ин аст, ки бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он дар солҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, сохтмони роҳҳои оҳани дохилӣ ва минтақавӣ тарҳҳои бузург амалӣ гардиданд.
Дурнамои рушди соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон
Дар самти дурнамои рушди соҳаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги бунёдкорӣ тарҳрезӣ гардидаанд. Дар ин замина роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тасмим гирифтаанд, ки барномаи боркашонии содиротию воридотии мамлакатро тавассути роҳи оҳан таъмин намуда, сатҳу сифати мусофиркашонӣ ва хизматрасониро ба мусофирон беҳтар намоянд ва дар рушду пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми муносиб гузорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ густариш медиҳанд
АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛИИ СУЛҲОФАРӢ ТО ҚАБУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ. Тоҷикистон бо роҳбарии Абармарди таърихсоз ҷодаи сулҳу созандагиро интихоб намудааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН. Ихтироъкорони тоҷик дар шаш моҳ соҳиби 77 нахустпатент шуданд
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад






