35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид

Август 30, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 30.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми давлатҳои дунё истиқлолият бузургтарин ва муқаддастарин падидаи миллӣ, омили асосии пойдории давлатдорӣ ва нишони болоравии шуури хештаншиносии ҳар халқу миллат ба шумор меравад. Тамоми дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ба даст омадаанд.

Гузариш ба рушди назаррас дар ду даҳсола

Имрӯз бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки Ваҳдати миллӣ, сулҳ ва истиқлолият омили калидии таҳкими давлатдорӣ ва рушди босуботи мамлакат мебошанд. Зеро дар солҳои аввали истиқлолият вазъи иқтисодии кишвар рӯ ба таназзул оварда буд. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 58-60 фоиз коҳиш ёфта, сатҳи таваррум ба 1000 баробар шуда буд ва сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 75–80% гузашт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаи ниҳоят ҳассос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯйкарди воқеъбинонаи сиёсӣ ба сӯи сулҳ ва оштии миллӣ роҳро ҳамвор намуданд, ки заминаи он ваҳдати миллӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ буд.

Аз нигоҳи назарияи илмӣ рушди давлатҳои гузариш, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи хос мебошад: мамлакати кӯҳсор, бе соҳили баҳр ва бо захираҳои обии фаровон, ки тавонист давоми ду даҳсола аз буҳрони амиқ ба рушди назаррас гузарад.

«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»

Мо агар ба масири 35-солаи Истиқлоли давлатӣ аз нигоҳи иқтисодӣ назар афканем, роҳи тайнамудаи Тоҷикистон воқеан намунаи барҷастаи он аст, ки чӣ гуна миллате метавонад аз хароботи ҷанги шаҳрвандӣ ва фурӯпошии низоми иқтисодии кӯҳна ба яке аз иқтисодиёти босуръат рушдкунандаи минтақа табдил ёбад. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо коҳиши шадиди истеҳсолот, аз байн рафтани робитаҳои анъанавии хоҷагӣ ва вазъи вазнини иҷтимоӣ ҳамроҳ буданд, вале бо барқарор шудани сулҳу субот ва оғози ислоҳоти сохторӣ дар нимаи дуюми солҳои 1990-ум ва ибтидои асри XXI кишвар роҳи худро ба сӯи рушди пойдор оғоз намуд. Дар даҳсолаи аввали ин марҳила иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна бо суръати назарраси солона рушд намуд, ки дар иртибот ба ин пояҳои моддии давлатдории навин мустаҳкам гарданд. Дар солҳои охир низ Тоҷикистон яке аз суръати баланди рушди иқтисодиро дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ нигоҳ медорад, ки ин натиҷаи сиёсати мутавозини иқтисодӣ, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои стратегӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои даромади давлат мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз дастовардҳои барҷастатарин ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ пурарзиштарини давраи истиқлолият паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар байни аҳолии кишвар мебошад. Дар ибтидои солҳои 2000-ум, пас аз оқибатҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ аксари мутлақи аҳолии кишвар дар зери хати камбизоатӣ қарор дошта буд. Солҳои минбаъда тавассути сиёсати мақсадноки давлатӣ дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ин нишондиҳанда пайваста коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, сатҳи камбизоатии умумимиллӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаи муайян аз беш аз панҷоҳ фоиз то тақрибан бист фоиз коҳиш ёфта, дар баробари ин ҳиссаи синфи миёнаи аҳолӣ якчанд маротиба афзудааст. Тибқи маълумоти “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” дар асоси шохисҳои байнисоҳавӣ ва муқоисаҳои байналмилалӣ сатҳи камбизоатӣ аз 18% -и соли 2026 то соли 2030 бояд ба 10 % расонида шавад. Ин раванд натиҷаи бевоситаи барномаҳои давлатии рушди иҷтимоӣ, беҳдошти сатҳи маош, тавсеаи бозори меҳнат ва татбиқи стратегияҳои миллии рушд мебошад, ки ҳадафи ниҳоии онҳо баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҳар шаҳрванди кишвар аст.

Тибқи маълумоти банди 4-и “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” давоми татбиқи БМР 2021-2025 Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида, ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Аз ҷумла, дар ин давра суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 8,5 дарсад таъмин гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи пешбинигардидаи Барнома 1 банди фоизӣ зиёд аст.

Дарозумрии миёнасолонаи аҳолӣ то 76,6 сол баланд шуд

Инчунин сатҳи таваррум дар сатҳи миёнасолонаи 4,8 фоиз муътадил нигоҳ дошта шуд, ки нисбат ба нақша 1,2 банди фоизӣ паст аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ 2 маротибагӣ афзоиш ёфтааст. Фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ қариб 2 баробар зиёд шуд. Дарозумрии миёнасолонаи аҳолӣ то 76,6 сол баланд шуд.

Корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойи кор

Ин нишондиҳандаҳои мусбати даврони истиқлол ба рушди соҳаи саноат ва бахши хизматрасонӣ таъсири мусбат расониданд. Дар давраи истиқлолият сохтори иқтисоди миллӣ дигаргуниҳои ҷиддиро паси сар намуд. Агар пештар иқтисодиёти кишвар асосан хусусияти хомашёӣ дошта бошад, имрӯз дар натиҷаи сиёсати саноатикунонии босуръат корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, металлургия, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва энергетика бунёд гардидаанд. Тибқи маълумоти омории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 дар кишвар 396 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, беш аз 13 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёфтааст, ки нишондиҳандаи возеҳи рушди пайвастаи ин бахш мебошад. Дар ин давра аз ҳисоби корхонаҳои нави саноатӣ ба маблағи беш аз 198 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумоти омории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 ҳазору 972 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо қариб 93 ҳазор ҷойи кор ба қайд гирифта шудааст.

Тоҷикистон-содиркунандаи бузурги неруи барқи «сабз»

Яке аз заминаҳои асосии рушди корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти онҳо таъмин ва дастрасӣ ба энергияи барқ мебошад. Дар робита ба ин, дар ин давра сохтмони якчанд неругоҳи барқи обӣ, махсусан Неругоҳи барқи обии «Роғун» — «объекти аср» аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ин иншооти азим, ки баъди ба анҷом расидан ба яке аз калонтарин неругоҳҳои барқи обии ҷаҳон бо иқтидори 3600 мегаватт табдил хоҳад ёфт, имрӯз зиёда аз 60 фоиз анҷом ёфтааст ва ду агрегати муваққатии он аллакай зиёда аз 9,9 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намудаанд. Ин неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромадан дар як сол метавонад 17,0 миллиард Квт-соат неруи барқ истеҳсол кунад. Бунёди ин неругоҳ на танҳо худкифоии энергетикии кишварро таъмин месозад, балки Тоҷикистонро ба содиркунандаи бузурги неруи барқи «сабз» дар минтақа табдил хоҳад дод. Дар баробари ин, лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ CASA-1000, ки тавассути хати 500-киловолтии «Датка-Суғд» амалӣ мегардад, робитаҳои энергетикии Тоҷикистонро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мустаҳкам месозад.

Рушди инфрасохтори сайёҳӣ

Дар баробари соҳаи саноат бахши хизматрасонӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла тиҷорат, нақлиёт, алоқа, хизматрасониҳои молиявӣ, меҳмондорӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои соҳибистиқлолӣ рушди назаррасро пайдо намудаанд. Хусусан, рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеъҳои дорои захираҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои кӯҳии кишвар имконияти навро барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд овардааст. Воқеан Тоҷикистон бо табиати нотакрор, кӯҳҳои баланд, пиряхҳо, кӯлҳои кӯҳӣ, чашмаҳои шифобахш, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои бойи миллӣ дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ мебошад. Мавзеъҳои Помир, водии Зарафшон, Ҳисор, Варзоб, Искандаркӯл, Ҳафтрӯд, Қалъаи Ҳисор, Саразм, Чилдухтарон ва дигар мавзеъҳои таърихию табиӣ барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, табобатию солимгардонӣ ва деҳотӣ имконияти васеъ фароҳам меоранд. Дар солҳои охир ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имконияти туристии кишвар ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Гузаронидани фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла чорабиниҳои марбут ба мероси фарҳангии миллӣ ва ҷашнҳои суннатӣ барои муаррифии фарҳанг, таърих ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим доранд.

Ҳамзамон рушди соҳаи сайёҳӣ ба пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Имрӯз дар Тоҷикистон бо афзоиши шумораи сайёҳон талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, савдо, алоқа ва хизматрасониҳои молиявӣ зиёд шуда, барои рушди соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойи нави кор шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Аз ин рӯ, рушди ҳамгирои бахши хизматрасонӣ ва сайёҳӣ метавонад яке аз омилҳои муҳими диверсификатсияи иқтисоди Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори минтақаҳои кишвар ба ҳисоб равад.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат масъалаи истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва гузариш ба иқтисоди “сабз” ба яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Иқтисоди “сабз” ҳамчун модели нави рушди устувор бар он асос меёбад, ки захираҳои табиӣ на танҳо омилҳои асосӣ ва заминаи боэътимоди истеҳсолот, балки пояи ҳаёт ва сармояи табиӣ мебошанд.

Захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои обии Тоҷикистон тибқи маълумоти Барномаи рушди СММ (UNDP, 2024), зиёда аз 60% -и тавоноии гидроэнергетикии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, кишвар дорои захираҳои бойи маъданӣ, заминҳои ҳосилхез ва иқтидори бузурги ҷангалзорӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, истифодаи нодурусти ин захираҳо метавонад ба таназзули экосистемаҳо ва камшавии тавозуни экологӣ оварда расонад.

Консепсияи иқтисоди «сабз», ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2012 дар конфронси Рио+20 оид ба бистумин солгарди Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио+20) қабул шуда буд, истифодаи оқилонаи захираҳои табииро дар асоси тавозуни байни рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист пешниҳод мекунад. Барои Тоҷикистон, ки иқтисодаш асосан ба кишоварзӣ ва гидроэнергетика такя дорад, гузариш ба иқтисоди «сабз» аҳамияти стратегӣ дорад.

Ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони 35-соли Истиқлолият якчанд барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо барои ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ қабул карда шуда, мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037» заминаи асосии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.

Мувофиқи таҳлили Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP, 2023), иқтисоди сабз «… на танҳо роҳи нави афзоиши даромад ва ҷойи кор, балки воситаи таъмини адолати байни наслҳо» мебошад. Тибқи таҳлили мутахассисон, барои гузаштан ба иқтисоди «сабз» то соли 2050 бояд 2% ММД-и ҷаҳониро ба соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, моҳидорӣ, ҷангалпарварӣ, саноат, сайёҳӣ, нақлиёт, партовгоҳҳо ва коркарди партовҳо ва ба идоракунии захираҳои об сармоягузорӣ намуд.

Захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла об, замин, неруи барқ, ҷангал, маъдан ва гуногунии биологӣ пояи асосии иқтисоди «сабз»-ро ташкил медиҳанд. Маҳз тавассути идоракунии мақсаднок ва истифодаи самараноки онҳо мо метавонем, ки тавозуни байни талаботи инсонӣ ва қобилияти табиатро таъмин намоем.

Тоҷикистон — давлати пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи «тоза»

Дар шароити муосир, ки тағйирёбии иқлим ва идоракунии оқилонаи захираҳои табиӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, Тоҷикистон бо такя ба захираҳои бузурги обӣ роҳи рушди иқтисоди «сабз»-ро интихоб намудааст. Зиёда аз наваду панҷ фоизи неруи барқи истеҳсолшавандаи мамлакат аз манбаъҳои барқароршаванда, пеш аз ҳама, неругоҳҳои барқи обӣ ба даст меояд, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон дар самти истеҳсоли энергияи «тоза» табдил медиҳад. Танҳо дар соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 неругоҳи хурди обӣ ва офтобӣ бо иқтидори умумии 5 мегаватт ба истифода дода шуданд, ки ба таъмини барқи минтақаҳои дурдасти кӯҳистон мусоидат менамоянд. Бо ташаббуси Пешвои миллат якчанд қатъномаи муҳими Созмони Милали Муттаҳид дар мавзуи об ва тағйирёбии иқлим ба тасвиб расидаанд, ки Тоҷикистонро ба яке аз ташаббускорони асосии ҳимояи захираҳои обии сайёра табдил додаанд. Ҳифзи пиряхҳо, идоракунии оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳистон на танҳо ба ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад, балки заминаи иловагии рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи сайёҳии экологиро низ фароҳам меоварад.

Тибқи омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳо, истифодаи самаранок ва оқилонаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия яке аз унсурҳои калидии гузариш ба иқтисоди «сабз» маҳсуб шуда, ба рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси ҷойи кори нав, коҳиши вобастагӣ аз сӯзишворие, ки аз канданиҳо пайдо мешаванд, кумак мерасонад. Вобаста ба ин, бояд сармоягузориро ба ин самт бештар ҷалб намуд. Зеро сармоягузорӣ ба ин бахш метавонад имконияти нав барои рушди устувор фароҳам оварад.

Дар байни ҳадафҳои рушди устувор иқтисоди «сабз» нақши калидӣ дошта, муҳимтарин ҷузъи барномаи рушди устувор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва аз байн бурдани камбизоатӣ то соли 2030-ро дар бар мегирад.

35-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки ин давра дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ҳамчун давраи эҳёи миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба аҳдофи бузурги созандагӣ нақши бориз дорад.

Саидмаҳмуд САИДЗОДА,
Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Август 30, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш