Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои ҳайати минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия зимни сафар ба Тоҷикистон бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин корхона.
Тибқи хабари манбаъ, аъзои ҳайати Ҳукумати минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия бо роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқот намуданд. Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ байни Душанбе ва Фландрия дар соҳаи рақамисозӣ ва навовариҳо ибрози ҳавасмандӣ намуданд.
Инчунин меҳмонон бо фаъолияти корхона, лоиҳаҳои амалишаванда дар самти рақамисозии инфрасохтори шаҳрӣ, татбиқи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди консепсияи «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд.
Сафари ҳайати Ҳукумати Фландрияи Подшоҳии Белгия ба Тоҷикистон қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти рушди шаҳрҳои муосир ва устувор арзёбӣ гардид.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






