Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид

Август 31, 2026 09:38

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе»-и шоир ва адиби эронӣ доктор Фотима Муҳаммадзода аз ҷониби нашриёти «Хирадгон» ба нашр расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, китоб бо муқаддимаи донишманди маъруфи эронӣ, аъзои  Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ таҳти унвони «Забони дил, паёми ваҳдат» оғоз мешавад. Дар он таъкид шудааст, ки «шоири дардошно Фотима Муҳаммадзода дар ин дафтар андаке аз пайвандҳои фарҳангии дусӯяи эрониёну тоҷиконро бо завқу зиракӣ аз лобалои корҳои тане чанд аз номошноёни шеъру андешаи тоҷик беҳгузин кардаву порае аз рӯйдодҳои фарҳангии хуҷастаеро, ки дар сояи роҳбарии Сарвари хирадманди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошкор гашта, ба забони нарму ошнои шеър бар он афзудааст».

Китоб аз ду бахш иборат буда,  бахши аввали он фарогири  шеърҳо дар васфи Тоҷикистон ва бузургони адабу фарҳанги гузаштаву имрӯзи тоҷикон аст. Ин бахш бо шеъри «Андешаҳои равшан» оғоз мешавад, ки бо илҳом аз ибтикороти сарнавиштсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суруда шуда, шоир дар он Сарвари тоҷиконро ворис ва идомабахши корномаи ниёкони шарофатманди ориёӣ муаррифӣ кардааст. Абёти зерин аз ин шеър гувоҳи ин матлаб аст:

Эй парчамат нақши дирафши ковиёнӣ,
Рустамтаборӣ, аз диёри меҳрубонӣ.
Эй ҳамнафас бо субҳгоҳи «Шоҳнома»,
Равшантарин андешаҳои осмонӣ.
Кайхусравона менишонад дастҳоят
Сарве миёни боғҳои шодмонӣ.
Ин дасти Фирдавсист рӯи шонаҳоят,
Такя бизан бар ин шукуҳи  ҷовидонӣ!

Ашъори баъдии шоир ба  чеҳраҳои барҷастаи шеъру адаби тоҷикон, ба мисли  Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Давлатманди Хол, Гулрухсор, Фарзона ва дигарон бахшида шуда, дар ашъори ҷудогона падидаҳои тамаддуни ориёӣ, аз қабили Наврӯзу Меҳргон ва чакани тоҷикон, ки дар замони Истиқлоли Тоҷикистон умри дубора пайдо карданд, мавриди ситоиш ва тараннум қарор гирифтаанд.

Бахши дувуми китоб бо номи «Ҷусторҳо» тавзеҳоти мухтасари Фотима Муҳаммадзодаро дар бораи бузургон ва падидаҳои фарҳанги гузаштаву муосири тоҷикон, ки  шеърҳои бахши аввали китоб ба онҳо бахшида шудаанд, дар бар мегирад.

Китоб бо ду хат- форсӣ ва кириллии тоҷикӣ нашр шудааст, то дастрасӣ ба муҳтавои он барои хонандагони ҳар ду кишвар осон гардад.

«Бо корвони Шоҳнома: аз Тӯс то Душанбе»  паёме аз дӯстиву ҳамдилӣ ва муштаракоти фарҳангии мардумони Тоҷикистону Эрон ва армуғоне ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Август 31, 2026 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст