Китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — омили пойдории давлатдории миллӣ» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нашри сеюми китоби арзишманди илмию ҳуқуқӣ бо унвони «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – омили пойдории давлатдории миллӣ» ба чоп расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ин асар, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ бахшида шудааст, ҳамчун дастури муҳим барои кормандони мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ тавсия шудааст.
Муаллифони китоб академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ва профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рустам Шарофзода мебошанд.
Дар китоб ташаббусҳои қонунгузорӣ ҳамчун самти сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ ва раванди қонунгузорӣ, яъне таҷрибаи ҷамъӣ ва ватании амалӣ нишон дода шудаанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба аҳамияти ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди такмили қонунгузории Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дода мешавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






