Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад

Август 27, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат худтаъминкунӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ, ки дар дохил истеҳсол мешавад, 85 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ яке аз ҳадафҳои асосии кишоварзони мамлакат мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ нисбат ба талаботи меъёрҳои физиологӣ зиёд шуда, истеҳсоли картошка, сабзавот, полезӣ, меваю ангур, гӯшт ва шир 100 фоизӣ таъмин гардидааст.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли 2025 ба 84,7 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 1991 3,7 баробар афзоиш ёфтааст.

Соҳаи кишоварзии мамлакат беш аз 21 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро фаро гирифта, зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор таъмин менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 27, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид