Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд

Август 27, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 27-28 августи соли 2026 дар шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди вилояти Суғд таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё» Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 27 август дар доираи форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари навтаъйини ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Габриелле Акимова вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамоҳангсозии Барномаи нави кишварии ЮНИСЕФ дар доираи ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди устувор барои солҳои 2027-2030 бо афзалияти стратегии давлат баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди малакаҳои муосир ва рақамӣ, коҳиш додани нобаробарии рақамӣ, фарогирии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар барои кӯдакон ва ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Инчунин барои идомаи ҳамкории созанда ва натиҷабахш бобати таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд