Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд

Август 28, 2026 08:27

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони корхонаю муассиса ва фаъолони ноҳия доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мавсума Муинӣ доир ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди устувори мамлакат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, инчунин татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки ҳифзи сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии мамлакат ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад.

Ҳамзамон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори мамлакат мебошад. Дар ин давра бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, барои рушди иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва инфрасохтор шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Таъкид гардид, ки корҳои ободониву созандагӣ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии мардум вусъат меёбанд.

Ҳамзамон ба нақши ҷавонон дар рушди минбаъдаи давлат, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва идомаи корҳои созандагӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2026 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад