Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид

Сентябрь 29, 2026 10:24

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Пайвастагии универсалӣ, пурмазмун ва дастрас барои ояндаи рақамии фарогир ва устувор» ба кор оғоз намуд, ки то 30 сенябр идома меёбад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форум аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ Иттиҳоди байналмилалии алоқа ташкил гардида, дар кори кори он намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахши хусусӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, шарикони рушд ва муассисаҳои молиявӣ иштирок доранд.

Зимни форум масъалаҳо оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тавсеаи дастрасӣ ба интернет ва инфрасохтори рақамӣ, рушди технологияҳои навин, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар барои истифодаи технологияҳои рақамӣ баррасӣ карда мешаванд.

Яке аз ҳадафҳои асосии форум муҳокимаи раванди татбиқи ташаббусҳои минтақавии Конфронси умумиҷаҳонии рушди телекоммуникатсия дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Дар доираи форум ҷаласаҳои «Partner2Connect»   баргузор мегарданд, ки ба мутобиқ намудани ниёзҳои мушаххаси кишварҳо ва минтақа ба уҳдадориҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ дар самти рушди рақамӣ равона шудаанд.

Дар доираи форум ҳамзамон ҷаласаи 66-уми Шурои вазирони Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва ҷаласаи 33-юми Шурои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иттилоотонӣ баргузор мешаванд.

Пешниҳодҳо ва мавқеи ҷонибҳои манфиатдор оид ба рушди ҳамкории рақамӣ ҷамъоварӣ гардида, натиҷаҳои муҳокимаҳо дар гузориши ниҳоии чорабинӣ инъикос меёбанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Сентябрь 29, 2026 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад