Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба кор оғоз намуданд, ки то 30 сентябр идома меёбанд, иттилоъ медиҳад Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рӯзи аввал Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ оид ба рушд барои минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Инчунин ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва Шурои ҳамоҳангсози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.
Ҳадафи асосии ин ҳамоишҳо таҳкими ҳамкории давлатҳои минтақа, мубодилаи таҷриба ва баррасии роҳҳои муштараки рушди зерсохтори рақамӣ мебошад.
Дар ҳамоиш иштирокчиён масъалаҳои густариши шабакаҳои алоқа, рушди пайвастагии рақамӣ, татбиқи технологияҳои нав, аз ҷумла 5G, истифодаи алоқаи моҳвораӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи рақамиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Инчунин доир ба масъалаҳои амнияти киберӣ, такмили муҳити танзимгарӣ, рушди инноватсия ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун мубодилаи афкор доир мешавад. Мубодилаи таҷриба ва таҳияи ташаббусҳои муштарак яке аз самтҳои муҳими ин ҳамоиш мебошад.
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа дар шаҳри Душанбе имкон медиҳанд, ки давлатҳои минтақа масъалаҳои мубрами рушди алоқа ва рақамикунониро баррасӣ намуда, роҳҳои нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муайян намоянд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






