Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори ҷаласа Дабири кулл ва котиботи Ассамблеяи парламентии Осиё, роҳбарону ҳайатҳои парламентии беш аз 20 давлати аъзои созмони бонуфуз, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Бутан, Шоҳигарии Баҳрайн, Шоҳигарии Камбоҷа, кишварҳои Қатар, Бангладеш, Индонезия, Кипр, Покистон, Туркия, Салтанати Умон, Чин, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Русия иштирок доранд.
Баргузории ҷаласа идомаи иштироки фаъоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблеяи парламентии Осиё мебошад. Он ба таҳкими муколамаи байнипарламентӣ, тавсеаи ҳамкории мамлакатҳои Осиё ва баррасии муштараки масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ равона гардидааст.
Ассамблеяи парламентии Осиё яке аз ниҳодҳои муҳимми ҳамкории байнипарламентӣ дар қитъаи Осиё буда, парламентҳои давлатҳои аъзоро барои рушди муколама, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва баррасии масъалаҳои дорои аҳамияти муштарак муттаҳид менамояд.


Фаъолияти Ассамблея ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, мусоидат ба сулҳу субот, рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин табодули таҷрибаи қонунгузорӣ байни кишварҳои аъзо равона гардидааст.
Дар доираи Ассамблея ҷаласаҳои пленарӣ, кумитаҳои доимӣ ва дигар чорабиниҳои байнипарламентӣ баргузор гардида, масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблея иштироки фаъол дошта, дипломатияи парламентиро яке аз воситаҳои муассири таҳкими эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои Осиё арзёбӣ менамояд.
Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз сохторҳои калидии Ассамблея буда, доираи васеи масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии давлатҳои Осиёро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Фаъолияти кумита масъалаҳои ҳифзи гуногунрангӣ ва мероси фарҳангӣ, рушди инсонӣ, тандурустӣ, иштироки занон дар фаъолияти парламентӣ, ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону ҷавонон, муколамаи байнидинӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои дорои аҳаммияти иҷтимоию фарҳангиро фаро мегирад.
Дар давраи раёсати Тоҷикистон тақвияти ҳамкории байнипарламентӣ дар самти табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти кумита ба ҳисоб меравад.

Бояд иброз намуд, ки соли 2026 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё эълон гардид. Интихоби пойтахти Тоҷикистон ҳамчун макони баргузории ҳамоиши бонуфуз далели возеҳи эътирофи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин мавқеи устувори мамлакат дар таҳкими муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории мутақобили судманди давлатҳои Осиё мебошад. Аз ин лиҳоз дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ташрифотӣ баргузор намудани ин чорабинии байналмилалӣ аҳамияти махсуси давлатӣ низ дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ то 27 сентябр идома меёбад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»




























Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






