АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 августи соли равон дар таърихи сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳим ва ифтихорбахш сабт гардид. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод»-ро қабул намуд. Тибқи он, аз соли 2027 сар карда, ҳамасола 31 август дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил хоҳад гардид. Дар рӯзномаи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ин ташаббус ҳамчун лоиҳаи қатъномаи A/80/L.106 дар доираи масъалаи «Рушди устувор» баррасӣ шуд.
— Ин рӯйдод, махсусан дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънои амиқи сиёсӣ, илмӣ ва фалсафӣ дорад. Барҳақ метавон қабули ин қатъномаро яке аз беҳтарин хабарҳои хуши рӯзҳои ҷашнии миллат номид. Зеро истиқлол танҳо соҳиб шудан ба марзу ҳудуд, рамзҳои давлатӣ ва мақоми ҳуқуқии байналмилалӣ нест. Марҳалаи олии камолоти истиқлол он аст, ки давлат аз мавқеи иштирокчии муносибатҳои байналмилалӣ ба мақоми тавлидкунандаи идея, пешниҳодкунандаи арзиш ва ташаккулдиҳандаи рӯзномаи ҷаҳонӣ мерасад. Аз ин нигоҳ, пазируфта шудани ташаббуси Тоҷикистон дар масъалае, ки имрӯз ва ояндаи тамоми тамаддуни башариро фаро мегирад, нишон медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол масъалаҳои асри XXI-ро на танҳо мушоҳида мекунад, балки барои ҳалли онҳо андеша, меъёр ва минбари байналмилалӣ пешниҳод менамояд.
Қабули ин қатънома идомаи сиёсати пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илм, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва дар айни замон истифодаи масъулонаю инсонмеҳвари дастовардҳои технологӣ мебошад. Мантиқи ин сиёсат хеле равшан аст: технология бояд ба инсон хизмат кунад, на инсон ба технология; рушди рақамӣ бояд сифати зиндагиро баланд бардорад, на ин ки арзишҳои маънавӣ, амнияти ҷомеа ва қобилияти мустақили фикрронии инсонро заиф созад. Дар иттилои расмии Тоҷикистон низ қатъномаи нав идомаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти пешбурди рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ ва истифодаи масъулонаи технологияҳои нав арзёбӣ шудааст.
Аз нигоҳи таърихи илм низ интихоби 31 август рамзӣ мебошад. Тибқи иттилои расмие, ки дастрас аст, маҳз 31 августи соли 1955 пешниҳоди баргузории лоиҳаи машҳури таҳқиқотии Дартмут таҳия гардид, ки баъдан яке аз нуқтаҳои оғозини ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун самти мустақили илмӣ ва пайдоиши худи истилоҳи «artificial intelligence» дониста шуд. Акнун, пас аз бештар аз ҳафт даҳсола, ҳамин сана бо ташаббуси Тоҷикистон на танҳо ёдгори оғози як соҳаи илм, балки рӯзи ҷаҳонии андеша дар бораи бехатарӣ, ҳифзшавандагӣ ва эътимоднокии он мегардад.
Дар ин ҷо як маънои нозуки фалсафӣ нуҳуфтааст. Агар асри XX аз худ мепурсид, ки «оё мошин метавонад фикр кунад?», асри XXI маҷбур аст саволи мураккабтареро матраҳ намояд: инсоният чӣ гуна бояд зеҳни офаридаи худро идора кунад, то он ба рушди инсон хидмат намояд? Яъне масъала дигар танҳо тавоноии алгоритм нест; масъалаи асосӣ ҳудуди масъулияти инсон аст. Илм метавонад ба мо воситаи неруманд диҳад, вале ҳадафи истифодаи онро илм ба танҳоӣ муайян намекунад. Ҳадафро ахлоқ, фарҳанг, ҳуқуқ, манфиати ҷамъиятӣ ва масъулияти инсон муайян менамоянд.
Маҳз аз ҳамин ҷиҳат се мафҳуме, ки дар номи қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистон омадаанд — «бехатар», «ҳифзшуда» ва «боэътимод» танҳо тавсифи техникӣ нестанд. Онҳо се сутуни муносибати тамаддунӣ ба зеҳни сунъиро ифода мекунанд. «Бехатар» будан маънои онро дорад, ки низоми зеҳни сунъӣ набояд ба инсон, ҷомеа ва муҳити зист зарари пешгӯишаванда расонад. «Ҳифзшуда» будан зарурати муқовимат ба дахолати ғайриқонунӣ, сӯиистифода, дуздии маълумот ва ҳамлаҳои кибериро дар бар мегирад. «Боэътимод» будан бошад, масъалаҳои шаффофият, адолат, ҷавобгарӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва мавҷуд будани назорати инсонро фаро мегирад. Ин принсипҳо бо чорчӯби ахлоқии ЮНЕСКО низ ҳамоҳанганд, ки эҳтироми шаъну шарафи инсон, адолат, махфияти маълумот, шаффофият ва нигоҳ доштани масъулияти ниҳоии инсонро аз шартҳои асосии истифодаи ахлоқии зеҳни сунъӣ медонад.
Зеҳни сунъӣ дар асл маҷмуи низомҳо ва алгоритмҳоест, ки қобилияти таҳлили ҳаҷми бузурги маълумот, ошкор кардани қонуниятҳо, пешгӯии равандҳо, шинохти матну тасвир, тавлиди муҳтаво ва иҷрои як қатор амалҳои ба фаъолияти маърифатии инсон монандро доранд. Имконияти он дар он нест, ки ҷойи ақли инсонро бигирад, балки дар он аст, ки иқтидори ақлии инсонро тавсеа бахшад. Ҳангоми истифодаи дуруст зеҳни сунъӣ метавонад ташхиси тиббиро дақиқтар, омӯзишро инфиродӣ, истеҳсолотро самараноктар, кишоварзиро оқилона, идоракуниро босифат ва таҳқиқоти илмиро босуръат гардонад. Созмони Милали Муттаҳид низ имконияти истифодаи он барои ташхиси тиббӣ, таҳлили пешгӯишаванда, назорати зироатҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, омӯзиши инфиродӣ ва идоракунии ҳолатҳои буҳрониро таъкид менамояд.
Аммо ҳар қадар неруи технология бештар гардад, ҳамон андоза масъулияти истифодабарандаи он низ зиёд мешавад. Зеҳни сунъӣ метавонад донишро дастрас созад, вале метавонад иттилои нодурустро низ бо суръати бесобиқа паҳн намояд; метавонад фаъолияти инсонро осон кунад, аммо дар сурати истифодаи бемасъулиятона вобастагии фикриро ба вуҷуд оварад; метавонад барои амният хизмат намояд, вале ҳамзамон ба воситаи таҳдиди киберӣ табдил ёбад. Он метавонад андешаи инсонро ғанӣ созад, аммо набояд ҷойгузини андешидан гардад. Фарқи асосии зеҳни табиӣ ва низоми алгоритмӣ маҳз дар ҳамин аст: алгоритм метавонад ҳисоб кунад, муқоиса намояд ва эҳтимолро пешгӯӣ кунад, аммо масъулияти ахлоқии натиҷаи қарорро танҳо инсон бар дӯш мегирад. ЮНЕСКО низ таъкид мекунад, ки назорати инсон бояд ҳифз шуда, масъулияти ниҳоӣ аз инсон ё ниҳоди ҳуқуқӣ гирифта нашавад.
Аз ин лиҳоз ташаббуси соли 2026-и Тоҷикистон як иқдоми ҷудогона нест. Он идомаи мантиқии ташаббуси қаблии Пешвои миллат дар соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад. 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид катънома таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро қабул намуд, ки пешниҳоди он аз ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирифт. Дар ҳуҷҷати расмии Созмони Милали Муттаҳид Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 иброз гардида, ҳамчунин ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Муҳтавои қатъномаи соли 2025 низ басе муҳим буд. Он давлатҳоро ба рушди ҳамкории илмӣ, таҳияи барномаҳои таълимию омӯзишӣ, баланд бардоштани малакаи кадрҳо, дастрасӣ ба моделҳо ва захираҳои зеҳни сунъӣ, таъсиси марказҳои рушди иқтидор, ба роҳ мондани таҳқиқоти муштарак ва густариши иштироки соҳибкории хурду миёна дар иқтисоди рақамӣ даъват намуд. Ҳамзамон зарурати пайдо кардани тавозуни дуруст байни танзим ва навоварӣ таъкид гардид.
Агар қатъномаи соли 2025 бештар ба истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувор, рушди иқтидор ва ҳамкории минтақавӣ нигаронида шуда бошад, ташаббуси соли 2026 ин масъаларо ба сатҳи дигари маънавию сиёсӣ мебарорад: ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳар сол на танҳо аз дастовардҳои зеҳни сунъӣ, балки аз масъулияти худ дар назди оқибатҳои он низ андеша кунад. Бо ҳамин тартиб, ду ташаббус як силсилаи мантиқиро ташкил медиҳанд: аз «имконият» ба «масъулият», аз «рушд» ба «рушди бехатар», аз «технология» ба «фарҳанги истифодаи технология».
Хусусияти ҷолиб ва рамзии рӯйдоди 31 августи соли 2026 дар он аст, ки худи ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и шаҳри Душанбе маҳз ба масъалаҳои дониш, технология, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар шароити рушди бесобиқаи техникаву технология ва густариши зеҳни сунъӣ соҳиб будан ба илму дониш аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад ва сарвати асосии давлатҳоро пеш аз ҳама инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос ташкил медиҳанд.
Ин андеша моҳиятан модели нави сармояи миллӣ дар асри рақамиро муайян мекунад. Агар дар марҳалаҳои қаблии таърих қудрати иқтисодии давлат бештар бо захираҳои табиӣ, замин, саноати вазнин ё сармояи молиявӣ чен мешуд, дар иқтисоди донишбунёд қимати асосӣ ба сармояи инсонӣ мегузарад. Мамлакате рақобатпазир мегардад, ки на танҳо технология мехарад, балки технология меофарад; на танҳо барнома истифода мекунад, балки барномасоз тайёр менамояд; на танҳо маълумот истеъмол мекунад, балки қобилияти таҳлил, таҳқиқ ва истеҳсоли донишро доро мебошад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, таъкиди Роҳбари давлат дар Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ аҳаммияти стратегӣ дорад. Сарвари давлат зарур донистанд, ки фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотии муассисаҳои дахлдор дар самти таҳияи усул ва технологияҳои инноватсионии таълими фанҳо, пеш аз ҳама фанҳои табиатшиносиву риёзӣ, бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ тақвият дода шавад.
Ин масъала бо рушди зеҳни сунъӣ робитаи мустақим дорад. Асоси зеҳни сунъиро математика, эҳтимолият, омор, мантиқ, алгоритмҳо, информатика ва усулҳои ҳисоббарорӣ ташкил медиҳанд. Бе ташаккули тафаккури математикӣ ва мантиқӣ наметавон аз истифодаи истеъмолии технология ба офаридани технология гузашт. Аз ин рӯ, омӯзиши амиқи физика, математика, информатика ва илмҳои муҳандисӣ имрӯз танҳо масъалаи барномаи таълимӣ нест; он масъалаи амнияти технологӣ ва соҳибихтиёрии зеҳнии давлат мебошад.
Дар ҳамин суханронӣ як андешаи дигар баён гардид, ки бо фалсафаи қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид ҳамоҳангии аҷиб дорад. Роҳбари давлат таъкид намуданд: «Зеро зарар ё фоидаи технологияҳои нав аз он вобаста аст, ки мо онҳоро чӣ гуна истифода мебарем». Ин ҷумла дар асл моҳияти тамоми баҳси ҷаҳониро оид ба ахлоқи зеҳни сунъӣ ифода менамояд.
Технология худ дорои нияти нек ё бад нест. Арзиши иҷтимоии он аз ҳадаф, усул, меъёр ва фарҳанги истифода вобаста мебошад. Корд метавонад асбоби ҷарроҳ бошад ё воситаи осеб; неруи атом метавонад барқ истеҳсол кунад ё харобӣ оварад; шабакаи интернет метавонад бузургтарин китобхонаи ҷаҳон бошад ё майдони паҳншавии гумроҳӣ. Зеҳни сунъӣ низ ҳамин қонунмандиро дар сатҳи мураккабтар такрор мекунад. Аз ин рӯ, пешрафти ҳақиқӣ танҳо тавонотар сохтани алгоритм нест; пешрафти ҳақиқӣ оқилтар ва масъултар сохтани инсон дар муносибат бо алгоритм мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои миллат масъалаи ташаккули фарҳанги истифодаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро, махсусан дар байни наврасону ҷавонон, ба миён гузоштанд. Таъкид гардид, ки ҷавонон дар шароити рақамикунонии босуръат бояд фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта, иттилооти ғаразнок ва хабарҳои бардурӯғро фарқ карда тавонанд ва интернетро барои илму донишандӯзӣ истифода намоянд.
Мафҳуми «фарҳанги зеҳни сунъӣ» бояд тадриҷан ба як ҷузъи муҳими маърифати ҷомеа табдил ёбад. Саводи рақамӣ дигар танҳо қобилияти истифодаи компютер ё телефон нест. Саводи нави асри XXI ин қобилияти дуруст гузоштани савол, санҷидани маълумоти пешниҳодкардаи алгоритм, фарқ намудани далел аз фарзия, ҳифзи маълумоти шахсӣ, риояи ҳуқуқи муаллиф, дарки маҳдудиятҳои низомҳои зеҳни сунъӣ ва нигоҳ доштани мустақилияти тафаккур мебошад. Инсоне, ки ҳар посухи алгоритмро ҳақиқати ниҳоӣ мешуморад, аз технология истифода намекунад — баръакс, тадриҷан ба он вобаста мешавад.
Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимӣ дар марҳалаи нав бояд на танҳо тарзи истифодаи зеҳни сунъиро омӯзонанд, балки тарзи фикр кардан дар ҳузури зеҳни сунъиро таълим диҳанд. Вазифаи омӯзгор дигар танҳо расонидани маълумот нест, зеро маълумот имрӯз дар чанд сония дастрас мегардад. Вазифаи омӯзгор тарбияи қобилияти таҳлил, шубҳаи илмӣ, муқоиса, хулосабарорӣ, эҷодкорӣ ва масъулияти маънавӣ мебошад. Дар чунин шароит мақоми омӯзгор коҳиш намеёбад; баръакс, аҳаммияти ӯ ҳамчун роҳнамои фикрӣ ва ахлоқии насли нав бештар мегардад.
Дар Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш ҳамчунин ба масъалаи интихоби касби ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Пешвои миллат аз ҷумла таъкид намуданд, ки мутахассисони амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ имрӯз дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд. Ин таъкид бо тағйироти сохтории иқтисоди ҷаҳонӣ комилан мувофиқ аст: бозори меҳнати оянда бештар ба мутахассисоне ниёз хоҳад дошт, ки донишҳои соҳавиро бо қобилияти рақамӣ ва таҳлили маълумот пайваст карда метавонанд.
Аммо зеҳни сунъӣ танҳо масъалаи барномасозон нест. Табиби оянда бояд имкони истифодаи зеҳни сунъиро дар ташхис дарк кунад; агроном — дар мониторинги кишт ва пешгӯии ҳосил; муҳандис — дар моделсозӣ ва идораи таҷҳизот; иқтисодчӣ — дар таҳлили маълумот; омӯзгор — дар фардикунонии таълим; ҳуқуқшинос — дар масъалаҳои ҳифзи маълумот ва ҷавобгарии рақамӣ. Яъне зеҳни сунъӣ тадриҷан аз «як ихтисос» ба муҳити умумии касбии ҷомеаи муосир табдил меёбад.
Барои Тоҷикистон ин раванд имкониятҳои махсус дорад. Давлате, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, аҳолии ҷавон ва сиёсати давлатии рушди технологияҳои рақамӣ мебошад, метавонад дар ташаккули инфрасохтори рақамӣ, марказҳои маълумот, таҳқиқоти илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои рақобатпазир мавқеи муносиб пайдо намояд. Қатъномаи соли 2025-и Созмони Милали Муттаҳид низ аҳаммияти таҳсил, рушди малакаҳо, таҳқиқоти муштарак, марказҳои рушди зеҳни сунъӣ ва коҳиш додани нобаробарии рақамиро махсус таъкид мекунад.
Дар ин раванд бояд ба як масъалаи бисёр муҳим таваҷҷуҳ кард: истиқлоли рақамӣ ҷузъи истиқлоли давлатӣ мегардад. Дар ҷаҳоне, ки маълумот ба манбаи стратегӣ табдил ёфтааст, давлате, ки кадрҳои худӣ, иқтидори ҳисоббарорӣ, марказҳои илмӣ, забони рақамӣ ва низоми ҳифзи маълумоти худро рушд намедиҳад, метавонад аз технологияҳои беруна вобастагии аз ҳад зиёд пайдо кунад. Аз ин рӯ, рушди зеҳни сунъӣ барои Тоҷикистон бояд ҳамзамон рушди муҳтавои рақамии забони тоҷикӣ, таҳияи додаҳои босифати миллӣ, омода кардани муҳандисону математикҳо ва барномасозон, ҳифзи фазои иттилоотӣ ва ташаккули меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқиро дар бар гирад.
Дар ин ҷо забони тоҷикӣ низ масъалаи стратегии илмӣ мегардад. Агар мо хоҳем, ки зеҳни сунъии оянда забон, таърих, фарҳанг ва тафаккури тоҷикро дуруст дарк намояд, бояд имрӯз захираи бузурги рақамии матнҳои босифат, истилоҳоти илмӣ, осори адабӣ, маълумоти таърихӣ ва корпусҳои забонии тоҷикӣ ташаккул дода шаванд. Ҳифзи ҳувияти миллӣ дар асри зеҳни сунъӣ на танҳо бо нигоҳдории ёдгориҳои моддӣ, балки бо ҳузури фаъолонаи забон ва фарҳанг дар фазои алгоритмӣ таъмин мегардад.
Аз дидгоҳи фалсафаи давлатдорӣ низ пайдарҳамии рӯйдодҳои ин солҳо қобили таваҷҷуҳ аст. Сию панҷ соли истиқлол Тоҷикистонро аз марҳалаи барқарор намудани сулҳу давлатдорӣ ба марҳалаи пешниҳоди ташаббусҳои глобалӣ овардааст. Давлате, ки дар оғози истиқлол барои ҳифзи сулҳ, субот ва ҳастии худ талош мекард, имрӯз масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, сулҳ барои наслҳои оянда ва акнун зеҳни сунъии бехатару боэътимодро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд. Дар ин таҳаввул як қонунияти амиқ вуҷуд дорад: истиқлоли воқеӣ аз ҳифзи ҳастии миллӣ оғоз шуда, ба масъулияти байналмилалӣ мерасад.
Қатъномаи 31 августи соли равон низ аз ҳамин мантиқ сарчашма мегирад. Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, ки дар байни рақобати шадиди технологӣ ҳадди ақал як рӯз дар сол барои андеша дар бораи он ҷудо карда шавад, ки ин неруи бузурги илмӣ ба кадом самт меравад, барои кӣ хизмат мекунад, кӣ аз он фоида мебарад ва кӣ масъули натиҷаҳои он аст. Тибқи иттилои расмӣ, қатънома ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Иттиҳоди байналмилалии алоқа, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба технологияҳои рақамӣ ва навзуҳур, Бонки технологии Созмони Милали Муттаҳид барои мамлакатҳои камтараққикарда ва ЮНЕСКО-ро ба мусоидат ба рушди иқтидори давлатҳо ва таҷлили ҳарсолаи ин рӯз даъват менамояд.
Аз ин рӯ, Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод набояд танҳо як санаи рамзӣ бошад. Он метавонад ба минбари солонаи муколамаи олимон, муҳандисон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, соҳибкорон, давлатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёбад. Дар чунин рӯз бояд на танҳо навтарин дастовардҳои алгоритмӣ муаррифӣ шаванд, балки масъалаҳои ахлоқ, амнияти киберӣ, ҳифзи кӯдакон, махфияти маълумот, баробарии дастрасӣ, таъсири зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат, забонҳо ва фарҳангҳои миллӣ низ таҳлил гарданд. Яъне ташаббуси Тоҷикистон имконият дорад мафҳуми «пешрафти технологӣ»-ро бо мафҳуми «масъулияти тамаддунӣ» пайванд диҳад.
Дар ниҳоят, рӯйдоди 31 августи соли 2026 ҳамоҳангии бисёр рамзиро ба вуҷуд овард. Дар Душанбе, дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, Пешвои миллат ҷавононро ба донишомӯзӣ, азхуд кардани технологияҳои нав, омӯзиши фанҳои риёзиву табиатшиносӣ, интихоби дурусти касб ва истифодаи бошууронаи зеҳни сунъӣ ҳидоят намуданд. Дар ҳамон рӯз дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Тоҷикистон доир ба таъсиси Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод пазируфта шуд.
Ин ду воқеаро метавон ҳамчун ду паҳлуи як ҷаҳонбинӣ арзёбӣ кард: дар дохили ҷумҳурӣ ин тарбияи инсони донишманду масъул ва дар сатҳи ҷаҳон бошад, ташаккули муҳити технологияи бехатару масъул. Яке бе дигаре комил нест. Ҷомеаи дорои технологияи пешрафта, вале инсонҳои каммаърифат, осебпазир аст; ҷомеаи дорои арзишҳои баланд, вале аз илму технология ақибмонда низ наметавонад дар ҷаҳони рақобатпазир мавқеи устувор дошта бошад. Оянда ба ҷомеаҳое тааллуқ дорад, ки донишро бо ахлоқ, навовариро бо масъулият ва технологияро бо манфиати инсон пайваст карда метавонанд.
Аз ҳамин дидгоҳ, қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо як дастоварди дипломатӣ, балки нишонаи расидани давлатдории миллӣ ба марҳалаи нави камолот аст. Тоҷикистон имрӯз танҳо аз ояндаи технологӣ сухан намегӯяд — барои меъёрҳои инсондӯстонаи он низ пешниҳод ироа мекунад.
Шояд бузургтарин паёми фалсафии ин ташаббус ҳамин бошад: инсоният набояд аз зеҳни офаридаи худ ҳарос дошта бошад, агар тавонад хиради худ, масъулияти худ ва арзишҳои инсонии худро аз он болотар нигоҳ дорад. Зеҳни сунъӣ ҳар қадар тавоно гардад ҳам, маънои истифодаи онро инсон муайян мекунад. Ва агар илму технология бо хирад, ахлоқ ва масъулият ҳамқадам бошанд, зеҳни сунъӣ на рақиби инсон, балки василаи тавонои рушди ӯ, на манбаи таҳдид, балки омили пешрафт ва на сабаби ҷудоӣ, балки имконияти нави ҳамкории башар хоҳад гардид.
Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон барои таъсиси Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимодро метавон ҳамчун даъвати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои бунёди ояндае арзёбӣ намуд, ки дар он пешрафти технология аз пешрафти маънавии инсон ҷудо набошад. Ин паёмест аз Тоҷикистони 35-солаи соҳибистиқлол ба ҷаҳони фардо ва мантиқаш чунин аст: илми пешрафта бояд ба инсон хизмат кунад, технология бояд бо масъулият идора гардад ва ояндаи рақамӣ бояд ояндаи инсонӣ бошад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академик








Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд






