Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳа ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони расмии Давлати Қатар, сафирон, аъзои корпуси дипломатӣ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи соҳибкорӣ, фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма ва тоҷикони муқими Қатар иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистонро дар давраи соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, нақши таърихӣ, сиёсати созанда ва талошҳоибеназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, рушди устувори мамлакат ва болоравии мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ махсус таъкид намуд.
Ҳамзамон, рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстонаю бародарона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қатар изҳор гардид.
Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои шоистаи кишвар танзим гардида, намоиши васеи фарҳангию таърихӣ, ки таърих, фарҳанг, ҳунарҳои миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро инъикос менамуд, баргузор карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар


















Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






