Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид

Сентябрь 25, 2026 10:29

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар кори ҷаласа намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои Раёсат, аз ҷумла Қатар, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳигарии Камбоҷа ва Шоҳигарии Баҳрайн иштирок намуданд.

Зимни нишаст масъалаҳои ташкилӣ ва самтҳои минбаъдаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Осиё, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба фаъолияти он барои соли 2027 мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бояд гуфт, ки 25–26 сентябр шаҳри Душанбе мизбони барномаи асосии чорабинии байналмилалӣ — ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар ин ҳамоиши муҳими байнипарламентӣ роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парламентии кишварҳои аъзои Ассамблея, инчунин Дабири кулл ва Котиботи Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок менамоянд. Дар маҷмуъ, дар ҷаласа иштироки намояндагони зиёда аз 20 давлати аъзо пешбинӣ шудааст.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ, табодули таҷриба ва густариши робитаҳои кишварҳои Осиё мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Баргузории чунин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон аҳамияти хос дошта, барои таҳкими муколамаи байнипарламентӣ ва рушди ҳамкории давлатҳои Осиё заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2026 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад