Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен якчанд иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба истифода дода шуд.
Бинои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани ҷойи иловагии таҳсил барои хонандагон соли 2025 бо маблағгузории 1 миллион сомонӣ аз ҷониби волидайни хонандагон ва сарпарастон, инчунин 81 ҳазору 660 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардид.
Бино барои фарогирии 320 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Он дуошёна буда, дорои 7 синфхона, 1 ҳуҷраи омӯзгорӣ ва кабинетҳои фанҳои дақиқу риёзӣ мебошад.
Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Тағояк бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ба истифода дода шуд. Сохтмони он соли 2024 бо маблағгузории ташкилоти байналмилалӣ ба маблағи 5 миллиону 620 ҳазору 459 сомонӣ оғоз гардида, ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расид. Бинои иловагии таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, бо 18 синфхона барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино дорои 12 синфхона, 1 ҳуҷраи омӯзгорӣ, китобхона ва кабинетҳои фанҳои дақиқ мебошад.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен ҳамзамон ба 100 нафар ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим карда шуданд.
Зимни чорабинӣ иброз гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакону наврасон, бахусус ятимон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия ва дастгирии иҷтимоии онҳо мавқеи муҳим дорад.
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Тоҷикистон» мавриди истифода қарор дода шуд. Арзиши лоиҳавии корхона 33 миллиону 250 ҳазор сомониро ташкил дода, баробари ифтитоҳи он 30 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад.
Корхона бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия сохта шуда, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии он мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона ба 120 тонна пахта дар як шабонарӯз баробар буда, барои қабули пахтаи истеҳсолгарони маҳаллӣ ва коркарди минбаъдаи он пешбинӣ шудааст.
Дар доираи тадбирҳои созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғизои аълосифат» ба истифода дода шуд. Арзиши лоиҳавии корхона 9 миллион сомонӣ буда, маблағгузории пурраи он аз ҷониби муассис амалӣ гардидааст.
Корхонаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи истеҳсоли маҳсулоти парандапарварӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор бунёд гардидааст. Иқтидори истеҳсолии корхона ба 8 тонна хӯроки паранда дар як шабонарӯз баробар буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда ба таъмини соҳаи парандапарварӣ равона карда мешавад. Ба истифода додани чунин корхонаҳо барои таҳкими заминаи истеҳсолии ноҳия, рушди соҳибкорӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ин рӯзҳо ҳамчунин фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муродҷони мурғпарвар», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Тағояк ифтитоҳ гардид. Ферма барои парвариши 10 ҳазор сар мурғ ташкил карда шудааст. Сохтмони иншоот соли 2021 оғоз шуда, барои харидани таҷҳизот 300 ҳазор сомонӣ, барои харидани мурғ 400 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои сохтмонӣ 500 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Корхона ҳамарӯза тухм истеҳсол менамояд ва ҳаҷми истеҳсолот дар як рӯз ба 7 ҳазору 500 то 8 ҳазор дона тухм мерасад.
Дар маҷмуъ, ба истифода додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва рушди иқтидори мавҷуда дар ноҳияи Спитамен яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ ба шумор меравад. Он барои рушди иқтисодиёти ноҳия, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд






