Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар шаҳри Париж бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса, сафирон ва дигар аъзои корпуси дипломатии муқими Париж, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ, илмию фарҳангии Фаронса, инчунин ҳамватанони муқими ин кишвар иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода доир ба аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуд. Дар ин замина дастовардҳои мамлакат дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид гардиданд.
Сафир ба рушди пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобили судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ишора намуда, омодагии Тоҷикистонро барои густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид намуд.
Дар чорабинӣ намояндаи расмии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти худро иброз дошт.
Дар доираи чорабинӣ як зумра ҳамватанони фаъол барои саҳми муносиб дар таҳкими робитаҳои ҷомеаи тоҷикон, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллӣ ва мусоидат ба фаъолияти ҷамъиятӣ бо сипосномаҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин намоиши аксҳо доир ба таърих, фарҳанг, табиати нотакрор, мавзеъҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ба меҳмонон таомҳои миллии тоҷикӣ пешниҳод гардид. Онҳо имкон пайдо намуданд, ки бо унсурҳои фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва меҳмондӯстии мардуми Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса


















Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






