Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз 35-солагии солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Риёз Шоҳзода Файсал ибни Абдулазиз, намояндагони воломақоми вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, мудофиа ва дигар ниҳодҳои давлатии Арабистони Саудӣ, аъзои корпуси дипломатии муқими Риёз, намояндагони доираҳои расмию корӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат ва инчунин ҳамватанони тоҷикистонии муқими Арабистони Саудӣ иштирок доштанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ иброз дошт, ки истиқлол барои мардуми Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихӣ мебошад. Он роҳро ба сӯи бунёди давлати миллии муосир, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳёи шукуҳу азамати ниёгон ҳамвор сохт.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон давоми 35 сол роҳи пуршарафи созандагиро тай карда, бо хираду ҳикмати фарзанди фарзонаи худ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи мардуми фарҳангсолори тоҷик тавонист мушкилоту таҳдидҳои солҳои аввали даврони истиқлолро паси сар намояд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳоро барои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ, такмили асосҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат амалӣ менамояд.
Маҳз бо ташаббус ва пешниҳодҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳои дахлдорро дар бораи мудирияти об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо, эълони даҳсолаи байналмилаии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, маърифати ҳуқуқӣ ва зеҳни сунъии бехатар қабул кардааст.
Сафир зимни суханронӣ оид ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ нақши калидии роҳбарияти олии ду давлатро барои таъмини раванди рушди бемайлони ҳамкории мутақобили судманд таъкид кард.
Зимни чорабинӣ ба меҳмонон филми ҳуҷҷатӣ оид ба таърихи ташаккул ва вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ намоиш дода шуд. Ҳамчунин наворҳои видеоӣ, ки иқтидори сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамоянд, бо забонҳои арабӣ ва англисӣ пешниҳод гардиданд.
Дар доираи ҳамоиш барои муаррифии имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маводи иттилоотӣ ба намоиш гузошта шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ













Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






