Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид

Сентябрь 7, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 07.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  вилояти Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 8 ҳазор афсарону сарбозони Гарнизони Суғд, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузашти низомӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум корҳои бузург ба анҷом расонида шуданд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар солҳои душвор ва дар шароити шиддат гирифтани вазъи минтақа ва ҷаҳон қарзи ватандӯстии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намуданд. Онҳо дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистию террористӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлолро сарбаландона ҳимоя намуда, сулҳу субот ва амнияти ҷомеаро таъмин намоянд.

Гузашти низомӣ бо тантанаю шукуҳи хос доир гардида, таҷассумгари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқату самимияти низомиён ба марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 5 сентябр дар вилояти Суғд бо иштироки беш аз 35 ҳазор кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти суд, прокуратура, адлия, аҳли зиё ва рӯзноманигорон, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, занон, донишкадаву донишгоҳҳо, саноат, сайёҳӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, меъморӣ ва сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ ва ҳунармандон бо намоиши дастовардҳои соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳпаймоӣ доир гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 7, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд