Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар шаҳри Вашингтон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар ҳамоиш ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба корҳо бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур, намояндагони сохторҳои давлатии ИМА, сенаторон ва аъзои Конгресси ИМА, роҳбарон ва корпуси дипломатӣ, намояндагони доираҳои сиёсӣ, сармоягузорию соҳибкорӣ, илмӣ ва академӣ ва фаъолони ҷомеаи тоҷикон дар Амрико иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода таъкид кард, ки новобаста ба мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва таъсири омилҳои беруна, бахусус буҳронҳои глобалии иқтисодию молиявӣ ва шиддат гирифтани вазъи геосиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли охир рушди иқтисодиро ба ҳисоби миёнасолона 7,7 фоиз таъмин намуда, кишварро аз гурӯҳи кишварҳои камдаромад баровард ва ба гурӯҳи кишварҳои миёнадаромад ворид кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро доро буда, айни замон сохтмони калонтарин садди сангу шағалии ҷаҳонӣ — Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро бомаром идома дорад, ки барои рушди устувори минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нақши муҳим мебозад. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари сабз табдил дода шудааст, зеро 98 фоизи неруи барқи ҷумҳурӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обии барқарроршаванда тавлид меёбад.
Иброз гардид, ки миллати Тоҷик тамаддуни 6 ҳазорсола дорад, аз ҷумла ЮНЕСКО таърихи 5500 сола доштани шаҳри қадимаи Саразмро дар Тоҷикистон, ки дар шоҳроҳи Абрешим қарор дорад, тасдиқ намуд.
Сафир таъкид кард, ки вохӯрии сатҳи баланд байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп 6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтон ба густариши ҳамкории мутақобилан судманди дутарафа дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, авиатсия, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва амнияти минтақавӣ такони нав бахшид.
Завқи Завқизода ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ҳалли масъалаҳои глобалии об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавқеи пешсафиро касб намудааст ва дар робита ба ин 8 ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Дар идома ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба корҳо бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур аз рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ёдовар шуда, саҳми Тоҷикистонро дар таҳкими субот ва амният дар минтақа, пешбурди ҳамкории минтақавӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, омодагии ҷониби Амрико барои идомаи густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Намоиши мусаввараҳо ва нигораҳои таърихию фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон низ ташкил карда шуд. Ҳамзамон ба меҳмонон барномаи мусиқию фарҳангӣ бо иҷрои оҳангҳои миллӣ аз ҷониби навозандагони боистеъдод ва дастархони пурнозу неъмат бо таомҳои гуногуни миллии тоҷикӣ пешкаш гардиданд, ки ба чорабинӣ фазои хоссаи идона бахшиданд.
Ҳамзамон дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон гардид. Чорабинии мазкур бо шарорапошии бошукӯҳ (салут) ҷолиб гардонида шуд.
Инчунин, бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка навори ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 8–9 сентябри соли 2026 дар маркази шаҳри Ню-Йорк — майдони «Таймс Сквер» — 24 маротиба, ҳар соат дар давоми шабонарӯз, пахш гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико








Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд






