Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон, қабули шикоятҳо ва тафтишот Чанпал Энги вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Камбоҷа дар доираи созмонҳои байналмилалӣ рушд мекунад. Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё соли 2019 дар Душанбе ва мулоқоти навбатӣ дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус дар соли 2025 бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа аз марҳилаҳои муҳимми рушди муносибатҳои дуҷониба ба шумор мераванд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ изҳор дошт, ки «бо мақсади рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Камбоҷа таъсис дода шудааст. Мо ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Камбоҷа изҳор менамоем. Дар ин замина мо ба таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, рушди ҳамкории байнипарлумонӣ, такмили захираҳои инсонӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобили ҷонибҳо аҳаммияти махсус медиҳем».
«Мо Ассамблеяи парламентии Осиёро майдони муносиб барои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, густариши ҳамкории байни кумитаҳои соҳавӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ медонем. Аз фаъолияти Шоҳигарии Камбоҷа дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё қаноатманд буда, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Камбоҷа дар ин самт таъкид менамоем», — афзуд Мавсума Муинӣ.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






