Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ филми мустанад оид ба дастовардҳои соҳаи энергетика дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба навор гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Филми мустанад аз ҷониби телевизиони «Синамо» таҳия гардида, дар он раванди рушди соҳаи энергетика, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таъмини истиқлоли энергетикӣ, бунёду навсозии иншооти энергетикӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ ба навор гирифта шудааст.
Ҳамзамон дар филм натиҷаҳои назарраси фаъолияти соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва нақши соҳаи энергетика дар рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.
Филми мустанад ҳамчун бозтоби дастовардҳои соҳаи энергетика дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз фаъолияти созанда ва иқдомҳои пайваста ҷиҳати таҳкими истиқлоли энергетикии Тоҷикистон дар давоми 35 сол ҳикоят мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд






