Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Рашт мавриди истифода қарор дода шуд.
Корхонаи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии иншоот соли 2023 оғоз гардида, моҳи августи соли 2026 ба анҷом расонида шуд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 30 нафар мутахассис ба кор ҷалб гардиданд.
Баробари ба истифода додани корхона 17 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд.
Корхона бо таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, барои истеҳсоли шарбати мева дар зарфҳои шишагини ҳаҷмашон аз 0,5 то 1 литр пешбинӣ шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як мавсим 540 ҳазор литр ва дар як сол то 1 миллиону 200 ҳазор литр маҳсулотро ташкил медиҳад.
Ашёи хом барои истеҳсоли шарбат аз хоҷагиҳои минтақа таъмин карда шуда, барои таъмини аҳолии ноҳияҳои атроф ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона мешавад.
Ҳамзамон, имкониятҳои содироти маҳсулоти корхона ба бозорҳои хориҷӣ низ ба назар гирифта шудааст.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаи корхонаро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии он 500 метри мураббаъ мебошад.
Ғунҷоиши умумии сардхонаҳо 600 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Анбори корхона барои нигоҳдории то 200 тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст.
Мавҷудияти чунин иқтидори нигоҳдорӣ барои ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии талафоти он, фароҳам овардани шароити мусоид барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар назди корхонаи мазкур сохтмони корхонаи нави истеҳсоли меваҳои хушк ба нақша гирифта шудааст, ки дар зарфи 1 сол сохта ба истифода дода мешавад.








Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






