Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд

Октябрь 1, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳод дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва такмили ҳамкории байнидавлатӣ, муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ, такмили ҷустуҷӯи байнидавлатии шахсон, татбиқи амалҳои тафтишотии фосилавӣ, инчунин ташкили фаъолияти қисмҳои навбатдорӣ ва марказҳои идоракунии фаврӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон омодасозии лоиҳаи «Барномаи байнидавлатии чораҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2029–2033», «Созишнома оид ба табодули иттилооти геномӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ» ва  «Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ» муҳокима карда шуд.

Инчунин ба такмили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо шаклҳои муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумла истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсади гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории рақамӣ ҷойгоҳи муҳим доштанд. Дурнамои ҳамкорӣ дар самти табодули электронии иттилоот, аз ҷумла масъалаҳои ба қайд гузоштан ва аз қайд баровардани воситаҳои нақлиёт, додани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагӣ, инчунин такмили ҳамкории иттилоотӣ ҳангоми ташаккули Бонки байнидавлатии иттилоотӣ баррасӣ гардиданд. Пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз 6 марти соли 1998 ва Низомномаи Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиёни ҷаласа қарорҳои дахлдоре қабул намуданд, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории амалии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани самаранокии табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозии чораҳои муштарак дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ равона шудаанд.

Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2027 дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Октябрь 1, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони ноҳияи Ёвонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ботантана гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳиро 100 фоиз иҷро намуд
ХИЗМАТ БА ВАТАН–ШАРАФИ ҶАВОНМАРДӢ. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда оғоз гардид
Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид