Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 842 ҳазору 400 адад китобҳои дарсии «Забони русӣ» барои синфҳои 5 ва 6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон ворид гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ин шумора 682 ҳазору 400 китоб дар Федератсияи Русия чоп шуда, 160 ҳазор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.
Тақдими китобҳои дарсӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ба густариши ҳамкории судманд байни муассисаҳои соҳавии ду давлат ва фароҳам овардани имконияти бештар барои рушди таълим мусоидат менамояд.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф пайваста рушд намуда, дар ин раванд татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дастгирии шарикони соҳа аҳамияти муҳим дорад.
Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Умед Ҳасанзода иброз намуд, ки китобҳои дарсӣ бо назардошти талаботи муосири раванди таълим таҳия гардида, барои баланд бардоштани сифати таълими забони русӣ, рушди малакаҳои забондонӣ ва беҳтар намудани заминаи таълимии хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар айни замон тақсими китобҳои дарсӣ ба муассисаҳои таълимии мамлакат шуруъ ва 100 адади он пешниҳоди муассисаҳо шудааст.
«Ин иқдом ҷузъи муҳими ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия дар самти илм ва маориф буда, дар баробари дигар ташаббусҳо, аз ҷумла таъсиси мактабҳои русизабон ва омӯзиши кадрҳои соҳаи маориф заминаи мустаҳками ҳамгироии таълимии ду давлатро фароҳам меорад», -афзуд директори марказ.
Бояд иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ намуд. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






