Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд

Октябрь 7, 2026 10:38

ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020–2040) дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ду маркази муосири таълимӣ — Маркази таълимии устуворгардонии шаҳри Хоруғ» ва Маркази «STEM» (Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика) ифтитоҳ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази навтаъсис – «STEM» қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори илмӣ-таълимии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Маркази «Устуворгардонии шаҳри Хоруғ» ба омӯзиш ва таҳияи модулҳои таълимӣ барои устувории шаҳр, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва баланд бардоштани устувории муҳити шаҳрӣ равона гардидааст.

Ин марказҳо барои омӯзгорон, донишҷӯён, мутахассисон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ ҳамчун платформаи омӯзиши илмӣ ва амалӣ хизмат хоҳад кард.

Дар ин замина донишгоҳ метавонад ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таълимӣ дар рушди устувори шаҳр ва минтақа нақши муҳим гузорад. Ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба таҳқиқоти марбут ба тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои обӣ, муҳити зист, геология, геоинформатика, сохтмони устувор, энергетика, иқтисоди «сабз» ва технологияҳои рақамӣ имконияти хубест, то робитаи илмро бо ниёзҳои воқеии ҷомеа боз ҳам тақвият бахшад. Таъсиси марказҳои нав ва рушди марказҳои амалкунанда имконият фароҳам меорад, ки ҷавонон на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалии таҳияи лоиҳа, таҳқиқот, соҳибкорӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро дар марказҳо азхуд намоянд.

Марказҳо барои фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ, рушди малакаҳои таҳқиқотӣ-амалии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба омӯзиши технологияҳои нав заминаи мусоид фароҳам оварда, ба густариши ҳамкории илмӣ байни донишгоҳ, муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ мусоидат мекунанд.

                  АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

 

Октябрь 7, 2026 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд