Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омӯзиш, ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифии тамаддуни куҳани тоҷик, эҳё ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ, инчунин табодули таҷриба байни кишварҳо дар ин самт зимни вохӯрии директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода ва роҳбари намояндагии Шурои Британияи Кабир дар Узбекистон, директори кластер барои минтақаи Осиёи Марказӣ Майкл Ҳоулгейт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд, вохӯрӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, муаррифии таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик ва баррасии роҳҳои рушди ҳамкории минбаъда баргузор шуд.
Ҷонибҳо оид ба фаъолияти ниҳодҳо, самтҳои асосии фаъолият ва имконияти рушди ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ метавонад барои омӯзишу муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар асоси сиёсати «дарҳои боз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи таъриху фарҳанг тақвият бахшида, аз ҷумла тавассути табодули таҷриба, баргузории чорабиниҳои муштарак ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар доираи барномаҳои ҷониби Британияи Кабир минбаъд ҳамкорӣ намоянд.
Инчунин барои идомаи ҳамкории судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ибрози омодагӣ карда шуд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






