Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. 6-9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» баргузор гардид. Дар озмун омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Шариф Шарифзода сазовори ҷойи якум гардид.














