ҲЕНДБОЛ. Дастаи «Душанбе-1» чемпиони Тоҷикистон миёни мардҳо шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҳендбол миёни мардҳо бо пирӯзии дастаи «Душанбе-1» анҷом ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Чемпионат дар асоси нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-21 май дар шаҳри Душанбе, дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» баргузор гардид.
Дар чемпионат 7 даста иштирок карданд: «Душанбе-1»; «Душанбе-2»; ВМКБ; Суғд; «Хатлон-1»; «Хатлон-2»; ШНТМ.
Бозиҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуданд ва дастаи «Душанбе-1» бо ба даст овардани 12 хол ғолиб гардид. ВМКБ бо 10 хол ҷои дуюм, Хатлон-2 бо 8 хол ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Ғолибон бо ҷом, медал ва дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид






