2019-2021 – СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ: Саврихоларо дар ноҳияи Файзобод ҳунармандӣ машҳур кардааст

Май 22, 2019 09:18

ФАЙЗОБОД, 22.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Холаи Савриро дар маркази ноҳияи Файзобод ҳамчун  дӯзандаи моҳир  мешиносанд. Маҳсули ҳунараш зиннатбахши хонаи арӯсон буда,  аксар вақт мардуми ноҳия  кӯшиш мекунанд, ки  гаҳвораҳои тифлакон бо кӯрпачаю дастбандак, болиштчаю гаҳворапӯшҳои зебои  дӯхтаи ӯ  ҷиҳозонида шаванд. Бонувону модарон куртаҳои миллии дӯхтаашро меписанданд ва бо камоли майл онҳоро ба бар мекунанд.

Саврӣ дар оила фарзанди ягона буд. Аз хурдӣ гирди модари дӯзандааш ва  мошинаи дарздӯзии ӯ парвона буду  дар пайравӣ ба  духтарони қадраси деҳаашон гулдӯзӣ мекард. Солҳои пеш занону духтарон одате доштанд, ки  то нимашаб якҷо нишаста, ба  ҳунармандӣ  машғул мегаштанд. Яке шерозаю чолбанд мебофту дигаре рӯймолчаи силсиладору миёнбанд, болишти гулдӯзӣ, қуроқдӯзию тоқидӯзӣ мекарданд. Чанд нафари дигар гирди сӯзании калони қаламзадагӣ нишаста сурудхонон гулдӯзӣ мекарданд. Саврӣ, ки зеҳни тез дошт, ин ҳунарҳоро ба хубӣ аз худ кард.

Дар хонаи шавҳар кору бори хонаро анҷом медоду назди хушдоманкалони ҳунармандаш–кампири Бибигул нишаста якҷоя дарздӯзӣ мекарданд. Дӯхтани либоси мардонаю ҷомаро аз хушдоманкалонаш ёд гирифт.

Шунид, ки келини ҳамсоя ҳунари зардӯзӣ дорад. Назди ӯ рафта ин ҳунари нозукро аз бар кард. Барои бонувони деҳаи Кабкрез куртаҳои шинам, тоқиву почаҳои зардӯзӣ медӯхт. Солҳост, ки аксарияти модарон барои ҷиҳози арӯсии духтаронашон ба Саврӣ муроҷиат мекунанд. Саврӣ бо дилу ҷон фармоишҳоро ба ҷо меорад, то зеби дасти ӯ дар хонаҳои арӯсон лоиқи таҳсин бошад.

Саврихола аз ҷумлаи фаъолзанони Ҷамоати шаҳраки Файзобод буда, дар чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад.

«Вақтҳои охир тамошои зиёди филмҳои хориҷии ҳархела занону духтаронро аз ҳунарҳои занона дур кардааст. Хуб мешуд ба ҷойи то нимашаб тамошои  филм, чун солҳои пешин бонувон якҷо нишаста, бо риштаҳои меҳру муҳаббат барои аз байн нарафтани ҳунарҳои аҷдодиамон гулдӯзию зардӯзӣ, дӯзандагию ҳунармандӣ меомӯхтанд. Дар ҳоле, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солхои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Имрӯз бо дастгирии Сарвари давлат барои ҳунармандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст», — мегӯяд апаи Саврӣ.

«Шукронаи ҳунарам, ки барои таъминоти рӯзгорам мусоидат мекунад. Ба болои ин ҳунар ба инсон обрӯю эҳтиром мебахшад.Ҳоло тасмим гирифтаам, ки ҳунарамро ба бонувону духтарони хонашин омӯхта, кори савобро ба анҷом расонам»,- мегӯяд ин зани ҳунарманд.

Май 22, 2019 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Балҷувон дар мавзуи «Сулҳу субот – омили рушди устувори соҳаи сайёҳӣ» вохӯрии судманд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳокима карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони маҳаллаи навбунёд дар деҳаи Зарангаки ноҳияи Рашт шинос шуд
Нақши занон дар мақомоти олии қонунгузории Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас аст
Мотосиклронҳои «Ралли Осиёи Марказӣ-2025»-ро дар Тоҷикистон истиқбол гирифтанд
Нишасти муштарак байни роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар Тоҷикистон 5254 муассисаи тиббӣ фаъолият менамояд
Ҷаласаи чоруми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ доир шуд
Дар Бадахшон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ доир гардид