Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид

Октябрь 23, 2026 10:18

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир», ки дар Осорхонаи тамаддунҳои  (Museo delle Civiltà) шаҳри Рими Италия баргузор гардид, аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон феҳристи ёдгориҳои намоиш таҳия карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Ин феҳрист бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ таҳия шуда, 120 саҳифаро дар бар мегирад. Дар он маълумоти муҳим оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, ки дар намоиш ба маърази тамошо гузошта шудаанд, оварда шудааст.

Дар феҳрист 80 ёдгории нодир, ки давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷикро аз асри VI пеш аз милод то асри XXI фаро мегиранд, муаррифӣ шудаанд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, Аҷинатеппа ва Бунҷикат, катибаҳои суғдӣ, инчунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва санъати тасвирӣ аз ҷумлаи маводи арзишманди он мебошанд.

              АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 23, 2026 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд