Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дидйе Рейндерс ва Питер де Крим

Май 4, 2012 12:22

Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва Вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Кримро ба ҳузур пазируфт.
 
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба се ҷанбаи ҳамкорӣ – ҳамгироӣ барои барқарорсозии суботу эътидол дар Афғонистон, рушди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.
 
«Мо Белгияро яке аз шарикони муҳими худ дар Иттиҳоди Аврупо медонем”, — изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс густариши муносиботро бо Тоҷикистон бисёр муҳим номида, аз номи Ҳукумати кишвараш аз Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Брюсел бо сафари расмӣ ташриф барад.
 
Ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон изҳори сипос карда шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳое, ки моҳи феврали соли 2009 зимни сафари расмии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дар Брюсел ба имзо расида буданд, зоҳир карда шуд.
 
Ташкил ва густариши ҳамкории васеи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо назардошти бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дорои дурнамои судбахш барои ҳарду ҷониб номида шуд.
 
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамгироӣ дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 4, 2012 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад