«Истиқлол» бо футболбозони нав шартнома баст

Январь 12, 2016 15:57

Душанбе, 12.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дастаи футболи «Истиқлол», ки моҳи феврал дар бозиҳои Ҷоми конфедератсия футболи Осиё (КФО) иштирок мекунад, бо чор футболбози нав шартномаро ба имзо расонд.
Қаҳрамони Тоҷикистон, ки самти ҷавонгардонии ҳайат ва тарбияи бозингарони ҷавонро пеш гирифтааст, 11 январ расман ба расмиятдарории созишномаро бо чор футболбози нав ба анҷом расонд. Барои тарбия ва омода намудани футболбози арзанда барои даста ва тими миллӣ, «Истиқлол» бо бозингарони тими миллии ҷавонони Тоҷикистон ва тими миллии кишвар ҳамлагар Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), нимҳимоягарон Нозим Бобоҷонов ва Фаридун Шарипов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ») ва ҳамчунин бо дарвозабон Эмомалӣ Сониев, ки қаблан дар ҳайати «Истиқлол» баромад мекард, созишнома ба имзо расонд.
Дастаи пойтахт бо ҳамаи бозингарон шартномаи сесола баст. Ҳоло ҳар чор футболбоз дар ихтиёри тими миллии ҷавонони Тоҷикистон (U-22), ки 16 январ барои иштирок дар «Ҷоми Иттиҳод-2016» ба Русия сафар мекунанд, қарор доранд. Бозингарони нав пас аз анҷоми мусобиқа дар Санкт-Петербург ба дастаи «Истиқлол» ҳамроҳ хоҳанд шуд.

Январь 12, 2016 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад