Чаро МОИ «Панҷ» ва «Ишкошим» рушд наёфтаанд?

Февраль 5, 2016 15:07

Душанбе, 05.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Интизор меравад, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ду коргоҳ ба фаъолият шурӯъ намояд, зеро дар ин минтақа ду субъект ба қайд гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин аз чор минтақаи озоди иқтисодии кишвар дутои он «Ишкошим» ва «Панҷ» рушднаёфта арзёбӣ мегарданд? Сабаб чист? Умед Давлатзод-муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар сабаби рушд наёфтани ду минтақаи озоди иқтисодии кишвар -«Ишкошим» ва «Панҷ» -ро ба омилҳои объективӣ рабт дод. Мавсуф зикр кард, ки инфрасохтори аввалиндараҷа- деворбандӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» соли 2015 ба анҷом расид, инчунин моҳи декабри соли гузашта дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ гузаргоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд. Дигар омили рушд наёфтани МОИ «Ишкошим»- ин масофаи дури ҷойгиршавии ин минтақаи озоди иқтисодӣ аз шаҳри Хоруғ-маркази маъмурии Бадахшон мебошад, зеро то МОИ «Ишкошим» роҳи мошингарди хеле тӯлонӣ ва таъмирталаб вуҷуд дошт. Пас аз заминларзае, ки дар ин минтақа соли 2015 сурат гирифт, ман намедонам, ки вазъи ин роҳ чӣ гуна бошад, -мегӯяд муовини вазир.
Умед Давлатзод афзуд, ки МОИ «Ишкошим» соли 2009 таъсис дода шуд ва ҳангоме ки қитъаи замини ба маъмурият вобасташуда баррасӣ гардид, он аз 200 гектар замини кӯҳпора иборат буд ва танҳо барои ҳамвор намудани он якуним сол кор бурда шуд. Муовини вазири рушди иқтисоди кишвар зикр кард, ки мо хостори ҳар чӣ бештар рушд кардани минтақаҳои озоди иқтисодием. Мавсуф аз таҷрибаи таъсис ва рушди МОИ дар дигар кишварҳои дунё мисол оварда, зикр кард, ки ҳатто дар Туркия, ки яке аз давлатҳои дорои таҷрибаи калон дар самти ташкили МОИ аст, соли 1992 ба таъсиси МОИ шуруъ намуда, ин минтақаҳо баъди 12 сол ба тавлиди молу маҳсулот шурӯъ кардаанд.
Муовини вазир омили чандон рушд наёфтани МОИ «Панҷ», воқеъ дар ҷануби кишварро ба авзои сиёсии давлати ба мо ҳамҷавор — Афғонистон рабт дод, зеро яке аз талаботи сармоягузорон ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъмини амният аст. Таъкид шуд, ки дар самти рушди назаррас пайдо намудани МОИ «Панҷ» Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ва маъмурияти ин минтақаи озоди иқтисодӣ саъй намуда истодаанд, хусусан дар мавриди деворбандӣ, сохтмони гузаргоҳи гумрукӣ ва кашидани хатти оби нӯшокӣ ва неруи барқ корҳо идома доранд, субъектҳо аллакай корҳои сохтмонӣ ва васлкуниро омода намудаанд. Ва умед аст, ки дар соли равон ду минтақаи озоди иқтисодии кишвар -«Панҷ» ва «Ишкошим» аз тавлидоти молу колои худ паём диҳанд.

Февраль 5, 2016 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд